озмунҳо
ОЗМУН
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба «Соли ҷавонон» бо мақсади муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технология, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат таҳти унвони «Пайрави Пешво» ОЗМУН ЭЪЛОН менамояд.
Дар озмун ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд. Асарҳо дар доираи талаботи жанрҳои журналистӣ дар ҳаҷми то 3 саҳифа ба ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд.
Озмун аз 10 феврал то 10 майи соли 2017 идома ёфта, дар арафаи Рӯзи ҷавонон ҷамъбаст мегардад.
МУКОФОТҲО:
Барои ҷойи аввал – 5000 сомонӣ
Барои ҷойи дуюм – 3000 сомонӣ
Барои ҷойи сеюм – 2000 сомонӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.02.2017 №: Мутолиа карданд: 22435