logo

мулоқотҳо

Тоҷикистону Қирғизистонро ҳазорон риштаҳо бо ҳам мепайванданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 августи соли 2009  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаевро, ки барои иштирок дар нахустин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
«Қирғизистон барои Тоҷикистон дӯсти содиқ ва шарики боэътимод аст, ки бо он моро ҳазорон риштаҳои ногусастании дӯстӣ ва ҳамсоягии накӯи бисёрасра пайванд месозанд», изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Аз рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ва пайвастагии робитаҳо, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки корҳо барои омода кардани ҷаласаи якуми Шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки бояд дар сатҳи сарони давлатҳо сурат бигирад, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Таҳкиму густариш додани ҳамгироӣ баҳри рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёту роҳсозӣ, гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ ва таъмини амнияту субот аз самтҳои асосии муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя маънидод гардид.
Ҳар ду ҷониб устувории мавқеи  худро баҳри пайвастани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди ду кишвар   ба шабакаҳои барқию нақлиётии Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ аз тариқи кишварҳои Чин ва Афғонистону Покистон бори дигар таъкид намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.


Ҷаласаи нахустини дарпешистодаи Шӯрои олии байнидавлатии ҳамоҳангсозии сарони давлатҳои Қирғизистону Тоҷикистон мувофиқи паймони ҳосилшуда соли равон дар Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад. Замони дақиқи баргузории он бо роҳҳои дипломатӣ муайян мешавад.
Дар ин хусус Қодирбек Сарбаев, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ҷиҳати иштирок дар нахустин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Қирғизистону Тоҷикистон ба Душанбе ташриф овардааст, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Ба гуфти роҳбари идораи сиёсати хориҷии Қирғизистон масоили мавриди баҳси ҷаласа ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҳар ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Мо бо Ҷаноби Олӣ, Сардори давлати Тоҷикистон, инчунин дар бораи рафти омодагӣ ба ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки 29-30 сентябри соли равон дар шаҳри ӯши Қирғизистон баргузор мегардад, табодули назар намудем. Масоили вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон, низ ки бошитоб тағйир меёбад, дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор дошт.
Қадирбек Сарбаев дар робита ба мулоқотҳои сеҷонибаю чорҷонибаи сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон ибрози назар намуда, аз ҷумла гуфт, ки онҳо дар раванди пойдории амният, субот ва рушди минтақа нақши созанда доранд.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2007
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед