номаҳо
РӮЗНОМА ДУРУСТ МЕГӮЯД...
Дар маҷлиси назоратии истеҳсолии назди раиси ноҳия бо иштироки масъулини соҳа мақолаи «Фархор. Аз ҳоли хароби комплекси фарҳангию варзишӣ, ки қурбони бемасъулиятии масъулон шуд», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 29 декабри соли 2016 (№ 258) нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре муаллифи мақола дарҷ намудааст, тайи 8 соли охир пардохти маблағи қарзи ҶСП «Кафолатбонк» ва аз мувозинаи он баровардани бинои клуби иттиҳодияи иҷоракорони ба номи Ленини деҳаи Сафармади Ҷамоати деҳоти Ватан, пардохти маблағи хоҷагии деҳқонии «Шаҳртеппа» ва ба ҳолати аввала баргардондани он, инчунин таъмиру тармим намудани ин муассисаҳои фарҳангӣ ба яке аз муаммоҳои ҳалталаби соҳа табдил ёфтааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор айни замон барои дарёфти соҳибкорон ҷиҳати маблағгузорӣ ва харидорӣ намудани клуби иттиҳодияи иҷоракорони ба номи Ленини деҳаи Сафармади Ҷамоати деҳоти Ватан чораандешӣ намуда, ба нақша гирифтааст, ки нимаи охири моҳи феврали соли равон қарзи «Кафолатбонк» - ро зина ба зина пардохт намуда, иншооти мазкурро ба ҳолати аввала баргардонад.
С. ВАЛИЗОДА, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2017 №: 37 Мутолиа карданд: 3320