logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЮЛДИРИМ ТУҒРУЛ ТЮРКЕШ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Юлдирим Туғрул Тюркешро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифта, вохӯрии имрӯза идомаи мантиқии ҳавасмандии дуҷониб ба рушду тавсеаи бештари робитаҳо арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия 25 сол сипарӣ шуд ва дар айни замон зиёда аз 60 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, илму фарҳанг ва ғайра раванди ин ҳамкориҳоро танзим менамояд.
Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат, новобаста аз таъсири буҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, устувор арзёбӣ гардида, тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташкилу гузарондани Форуми соҳибкорон ва фаъол гардондани Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия ҳамчун воситаҳои муассири таҳкимбахшандаи муносибатҳои дуҷониба маънидод шуд. Барои ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак дар чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмилалӣ, туризм ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо, ҳамчунин ҷиҳати тавсеаи ҷанбаҳои гуманитарии ҳамкориҳо, хусусан, ҳифзи фазои идеологии кишварҳо аз паҳншавии ақидаҳои ифротиву тахрибгарона табодули афкор карда, доир ба муҳимияти ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2017    №: 37    Мутолиа карданд: 3084
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед