logo

ҳуқуқ

МАРЗ. БОЗДОШТИ 17 ҚОЧОҚЧӢ ДАР ЯК МОҲ

Дар зарфи як моҳи охир аз ҷониби хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 17 қочоқчӣ, аз ҷумла 3 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир шуд.

Аз Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тасдиқи ин хабар ба “Ҷумҳурият” иттилоъ доданд, ки бо мақсади омӯзишу муайян намудани гурӯҳҳои муташаккили фаромиллии қочоқбар, пешгирии интиқоли маводи мухаддир, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кӯшишҳои убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ давоми моҳи феврали соли ҷорӣ дар минтақаҳои отрядҳои сарҳадии “Ишкошим”, “Хоруғ”, “Шӯрообод”, “Ҳамадонӣ”, “Панҷ” ва “Панҷакент” амалиётҳои вижа гузаронда шуданд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратӣ ҳафт амалиёт анҷом шуда, аз қочоқчиён ба миқдори 165 килограмму 975 грамм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, аз ин миқдор 74 килограмму 500 грамм маводи мухаддири навъи “ҳашиш”, 87 килограмму 570 грамм маводи нашъаовари навъи “афюн”, 3 килограмму 905 грамм “Мет-Амфитамин” ва 17 килограммро бангдона ташкил медиҳад. Инчунин, 2 адад силоҳи оташфишон бо тирдону тирҳояш дарёфт ва мусодира шудааст.
Дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад даҳ далели вайронкунии сарҳади давлатӣ, панҷ ҳолати риоя накардани низоми сарҳади давлатӣ сабт шуда, дар маҷмӯъ 35 нафар дастгир гардидааст. Дар як маврид байни марзбонон ва қочоқчиёни маводи мухаддир  даргирии мусаллаҳона ба амал омадааст.
Дар робита ба далелҳои ошкоршуда ҳуҷҷатҳои лозима тартиб ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ ирсол гардида, вобаста ба ҳамаи ҳолатҳо тафтишот идома дорад.
Танҳо дар давоми як моҳ ба манзури ҳали масоили наздисарҳадӣ, риояи низоми сарҳади давлатӣ, тасдиқи нақшаҳои дуҷониба ҷиҳати бархӯрди муносиб ба воқеоти марзӣ бо ниҳодҳои марбутаи кишварҳои ҳамсоя, назири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон 13 маротиба вохӯрии ҷонибҳо сурат гирифтааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2017    №: 55    Мутолиа карданд: 1410
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед