маориф
ТОҶИКИСТОНУ ХИТОЙ. ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ТАҲСИЛОТ ТАВСЕА МЕЁБАНД
Хазина барои сулҳ ва тараққиёти Хитойи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Хитой тибқи барномаи Камарбанди иқтисоди Роҳи Абрешим, барои ҷиҳозондани утоқҳои лингафонӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва чопӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҷҳизот тақдим хоҳад кард. Ин нукта зимни вохӯрии Раъно Маҳмудзода, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ю Сяосюан, муовини котиби генералии Хазина барои сулҳ ва тараққиёти Хитой, зикр шуд.
Раъно Маҳмудзода гуфт, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бо кишвари дӯсту ҳамсоя - Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самтҳои сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг ва бехатарӣ ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намуд. Тӯли 25 соли муносибатҳои дипломатӣ ҷонибҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.
Ю Сяосюан чунин натиҷаҳоро аз муносибатҳои хубу дӯстонаи ҳар ду кишвар арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки ин сеюмин сафари мо ба Тоҷикистон аст. Зимни ин сафар мо ба натиҷаи лоиҳаи қаблан амалигашта дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ошно мешавем. Ин ошноӣ ба фазои таҳсилот вобастагӣ дорад. Боварӣ дорем ҳамкориҳое, ки дар самти таҳсилот равона шудааст, барои ҳар ду кишвар манфиати зиёд хоҳад овард.
Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим лоиҳаест, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой баҳри ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар самтҳои гуногун амалӣ мегардад. Дар доираи ин лоиҳа қаблан хазина барои дастгирии системаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду грант ҷудо намуд, ки литсейи президентӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гашта буданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.03.2017 №: 55 Мутолиа карданд: 1886