logo

ҳуқуқ

«ШАҲРИ БЕХАТАР». БЕШ АЗ 18 МИЛЛИОН БА ХАЗИНАИ ДАВЛАТ

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар зарфи як соли охир тавассути камераҳои низоми худкори идоракунӣ (политсияи электронӣ) дар шаҳри Душанбе 281 ҳазору 486 далели қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи далелҳои қоидавайронкунӣ бо аксу амрномаҳо ба суроғаҳои зисти вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ирсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 11865 амрнома зиёд мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагон сокинони шаҳри Душанбе ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, изҳор доштанд, ки аз оғози фаъолияти Маркази худкори «Шаҳри бехатар» 1 миллиону 200 ҳазор далели вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Шумораи қоидавайронкуниҳое, ки ҷаримаашон рӯёнда шудааст, беш аз 48 ҳазор ва маблағи ҷаримаи ситондашуда қариб 73 миллион сомониро ташкил кардааст. Сарвари давлат бо нигаронӣ аз вазъи қонуншиканиҳо дар самти роҳу нақлиёт ба Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио дастур доданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳо нисбат ба вайронкунандагони талаботи қонун тибқи муқаррарот чораҷӯӣ намоянд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мо хабар доданд, дар ин робита нисбат ба 197830 далели қоидавайронкунӣ дар асоси моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешида шуда, дар натиҷаи он аз ҳисоби ҷаримаҳои рӯёндашуда ба хазинаи давлат 18 миллиону 637 ҳазору 710  сомонӣ ворид  гардидааст. Дар натиҷаи назорати визуалӣ ва ҳамкорӣ байни бозрасони БДА аз рӯи хабарҳои расондашуда доир ба вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нисбат ба 9537 ронанда чораҳои қонунӣ дида, 8021  протоколи маъмурӣ ва 1516 баргаки ҷаримавӣ тартиб дода шудааст.
Соли гузашта дар асоси барқияҳои воридшуда ва супоришҳои роҳбарияти ВКД ва РБДА, мактубҳои мақомоти дахлдор дар барномаи “Кофтукови воситаҳои нақлиёт”- и политсияи электронӣ 1016 воситаи нақлиёт ворид гардид. Тавассути хабарҳои расондаи кормандони марказ, дар ҳамкорӣ бо кормандони ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе ва воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ 691 воситаи нақлиёти дар кофтуков қарордошта ва ба ҳаракаташ маҳдудият гузошташуда дастгир ва ба ҷаримагоҳҳои БДА интиқол дода шуд.
Дар Маркази худкори «Шаҳри бехатар»  дар бораи риояи қонуният, мустаҳкам намудани интизоми хизматӣ, пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ, ришваситонӣ, нигоҳ доштани низоми махфият бо ҳайати шахсӣ ҷамъомадҳо ва суҳбатҳои инфиродӣ доир гашт. Дар соли гузашта як далели вайронкунии интизоми хизматӣ аз тарафи оператори марказ, майори милитсия Искандар Неъматов ба қайд гирифта шуд ва дар натиҷаи гузарондани санҷиши хизматӣ аз тарафи Раёсати амнияти дохилии вазорат номбурда аз вазифаи ишғолнамудааш сабукдӯш гардид.
Бино ба иттилои манбаъ, танҳо дар соли 2016 бо ёрии дурбинҳои назоратии «Шаҳри бехатар» 63 ҷиноят ошкор шудааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2017    №: 56    Мутолиа карданд: 1316
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед