logo

ҳуқуқ

ВАҚТЕ ИСТЕЪМОЛКУНАНДА АЗ ҲУҚУҚҲОИ ХЕШ ОГОҲ НЕСТ...

Ҳар сол дар кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, 15 март чун Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо таҷлил мешавад.

Мафҳуми муосири «ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда» соли 1775 аз эътирози расмии шаҳрвандон нисбати фурӯшандагони маҳсулоти хӯроквории таркибаш вайронгашта дар иёлати Массачусетси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико реша гирифтааст. Ба масоили ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ИМА тадриҷан диққати ҷиддӣ дода шуд ва ин ба ташаккули пояи қонунгузорӣ дар ин соҳа замина гузошт. Аз ҷумла, соли 1890 бори нахуст қонуни зиддиинҳисорӣ қабул гардид.           
Дар кишвари мо нахустин бор 15 майи соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба тасвиб расид ва соли 2004 дар таҳрири нав қабул гардида, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо вазифаи асосии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои марбута аст. Тайи муддати начандон зиёд дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандаҳо чорабиниҳои зиёд роҳандозӣ шуданд. Тибқи талаботи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар назди мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 64 маркази машваратӣ фаъолият дорад. Кормандони марказҳо шикоятҳоро ҳангоми хариди молу хизматрасонии  номатлуб баррасӣ менамоянд, аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон дифоъ карда, ба онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ маслиҳатҳо медиҳанд.
Ҳанӯз низ ҳодисаҳое кам нестанд, ки фурӯшандаҳо бинобар ҳуқуқҳои худро надонистани харидорон онҳоро фиреб дода, молҳои нуқсдорро мефурӯшанд. Мутаассифона, дар чунин ҳолатҳо харидорон на ҳамеша ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва марказҳои машваратӣ барои ёрӣ муроҷиат мекунанд. Ба ҳар ҳол, сафи онҳое, ки барои ҳимояи ҳуқуқи худ талош мекунанд, афзуда истодааст. Барои исботи фикр чун намуна ду мисол меорам:
Собиқ донишҷӯи факултети стоматологии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино А. А. соли 2013 ба факултети стоматология ҳуҷҷат супурда, бинобар нарасидани холҳои гузариш дохил шуда натавонистааст ва баъдан тариқи  шартномаи тарафайн бо пардохти 33 380 сомонӣ ба гурӯҳи шартномавии шаҳрвандони хориҷӣ қабул шудааст. Баъдан аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳои нимсолаи сеюм бо сабабҳои қарзҳои академӣ моҳи январи соли 2015 аз донишгоҳи мазкур хориҷ гаштааст. 
Аризаи ӯ дар асоси талаботи моддаҳои 6, 16 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи талаботи моддаи 6 - и қонуни мазкур истеъмолкунанда фақат маблағи миқдори муайяни моли гирифтааш (кор ё хизмати ба ҷо овардааш) - ро пардохт менамояд. Аз ин рӯ, ба унвони ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино амрномаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ “Дар бораи хотима додани ҳуқуқвайронкуниҳои истеъмолкунандагон” аз 30 декабри соли 2015, №35 ирсол карда шуд.  Дар натиҷа, 4 январи соли 2016 донишгоҳ маблағи боқимондаи 7 510  сомониро ба собиқ донишҷӯ А. А. баргардонд.
Сокини Душанбе С. С. моҳи апрели соли гузашта аз бозори “Султони Кабир” ҷевони либосро бо андозаи бараш 45 сантиметр интихоб карда, ба маблағи 1570 сомонӣ мехарад. Вақте онро ба хонааш оварда васл мекунанд, маълум мешавад, ки бараш 40 сантиметр буда, дар дохили он либосовезак намеғунҷад. Чун ба фурӯшанда муроҷиат намуд, барои ивази ҷевон боз 550 сомонӣ талаб кардааст. Ӯ бо ариза ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намуд. Кормандони мо ба соҳибкори инфиродӣ Н. М. талаботи қонунро фаҳмонданд. Дар натиҷа соҳибкор ҷевонро пас гирифта, 1570 сомониро баргашта дод.
Хулоса, вақте истеъмолкунанда аз ҳуқуқҳояш огоҳ аст, аз он дифоъ карда метавонад. Дар сурати мушкиле пеш омадан мо, кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, омодаем ёрӣ расонем.
Насим БОЗОРОВ,
корманди Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2017    №: 56    Мутолиа карданд: 1356
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед