logo

ҳуқуқ

«НАЗАРФИРЕБӢ» ЗЕРИ НАЗОРАТИ ҚАТЪӢ ҚАРОР ГИРИФТ

Посух ба мақолаи «Назарфиребӣ», ки 11 январи соли 2017 дар Нашрияи расмии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 7) ба табъ расидааст.

Прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров мақолаи «Назарфиребӣ» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расида буд, мавриди баррасӣ қарор дод.
Мақолаи мазкур натиҷаи санҷиши аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров бо ҷалби мутахассисони Кумитаи идораи замин моҳҳои ноябр – декабри соли 2017 гузарондаро оид ба ҳолати истифодаи ғайримақсадноки заминҳои барои гармхонаҳо ҷудогардида низ  дар бар гирифтааст. Дар рафти ин санҷиш дар фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Бародарон» (роҳбараш Расулов А.), ҶДММ «Шоҳиҷаҳон» (роҳбараш Раҳмонов А.), шаҳрвандон Ҳоҷибоев С., Аглуков А., Бобоҷонов С., Файзиева М. ва заминистифодабарандагони дигар як қатор қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла мақсаднок истифода набурдани қитъаҳои замини барои гармхонаҳо ҷудогардида, сохтмони худсарона дар онҳо ва самаранок истифода набурдани қитъаҳои заминҳо ошкор гардиданд.
Аз рӯи натиҷаи санҷиш нисбати шахсони зикргардида бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, қонуншиканон ҷаримабандӣ шуданд ва барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дастурҳо гирифтанд.
Пас аз чопи мақола масъалаи зикргардида мавриди санҷиши такрорӣ қарор гирифт. Дар рафти он муайян гардид, ки талаботҳо ҳанӯз ҳам иҷро нагардидаанд ва қонунвайронкуниҳо дар ин самт идома доранд.
Шахсони масъули ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз ва Овчиқалъача барои иҷрои талаботҳои дастур назорат набурда, вазифаҳои худро дуруст иҷро накардаанд.
Аз ин рӯ, аз ҷониби прокуратураи ноҳия нисбати муҳандис – заминсозони Ҷамоати деҳоти Хистеварз Ғафуров М. ва Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача Маҳмудов Ҳ. дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидан қарорҳо қабул гардида, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод ирсол шуд.
Прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров масъалаи зикршударо зери назорати қатъӣ қарор додааст ва оид ба ҳар як қонунвайронкунӣ чораҳои дахлдор меандешад.
Р. Қ. ПИРМАҲМАД,
прокурори ноҳияи Б. Ғафуров, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2017    №: 57    Мутолиа карданд: 1329
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед