logo

ҳуқуқ

СММ. ҲАДАФ - ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш дар ҷаласаи ғайрирасмии Маҷмаи умумӣ пешниҳод намуд, ки «Бояд гурӯҳи мақсаднок оид ба татбиқи чорабиниҳои зиддитеррористӣ ва маркази СММ оид ба мубориза бо терроризм аз департаменти масоили сиёсӣ бароварда шаванд ва раёсати нав оид ба мубориза бо терроризм таъсис ёбад».
Ба гуфтаи Дабири кул, фаъолияти раёсати мазкур соҳибихтиёрии миллии кишварҳои аъзои созмонро халалдор намесозад. «Ҳадафи мо ин таҳкими шарикӣ бо кишварҳои узви СММ дар мубориза бо масъалаи фаромиллии терроризм мебошад».
Бо мақсади пешгирӣ ва аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, бо ибтикори ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва сохторҳои марбутаи он мунтазам нишасту ҳамоишҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ доир гардида, иштирокдорон шеваҳои муассири муборизаро матраҳ ва тарҳрезӣ менамоянд. Чунин як мулоқоти судманд, ахиран, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Намояндагони вазорату ниҳодҳои дахлдори кишвар якҷо бо ҳайати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил перомуни масоили вобаста ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои амниятии муосир, тақвияти робитаҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳайати намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ дар доираи ин сафар, ҳамчунин бо кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд анҷом доданд. Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои муқобала бо терроризм, амният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, идораи самарабахши сарҳадот ва назорати ҷойивазкунии фаромарзии борҳо матраҳ шуданд. Дар вохӯрии намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, ҳамкорӣ дар самти фаъолияти Интерпол, табодули иттилоот ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо матраҳ шуданд. Зикр гашт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ниҳодҳои марбутаи кишвар робитаҳои байналмилалиро дар мубориза бо даҳшатафканӣ, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб беш аз пеш тақвият бахшида, барои таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон саҳми чашмрас мегузоранд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2017    №: 57    Мутолиа карданд: 1215
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед