logo

ҳуқуқ

ПРОКУРАТУРА ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ

Ташаккули мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ  дорад. Зеро бо касби Истиқлолияти давлатӣ мустақилияти пурраи прокуратураи Тоҷикистон таъмин гашта, имкон фароҳам омад, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии  фаъолияти он бо назардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи  қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян карда шаванд.

14 марти соли 1992 се санади ҳуқуқии барои мақомоти прокуратура тақдирсоз қабул  гардид, ки заминаи ҳуқуқии ин мустақилият ва  ба мақомоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеу ҳисоботдиҳанда будани онро фароҳам оварданд. Бо назардошти аҳамияти ин  рӯйдодҳо  дар ҳаёти прокуратураи мамлакат 14 марти соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 март Иди касбии кормандони прокуратура эълон гардид.
Дар даврони истиқлолият бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фаъолияти самараноки прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, мавқеи он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ карда шуданд.  29 январи соли 1994 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ сохтори мақомоти прокуратура дар ҳайати роҳбарият, 13 раёсату шуъбаи дастгоҳи марказӣ, 3 прокуратураи вилоятӣ, 15 прокуратураи шаҳрӣ ва 53 прокуратураи ноҳиявию махсусгардондашуда бо шумораи умумии 630 корманд тасдиқ шуд. Минбаъд  он пайваста такмил ёфта, як қатор раёсату шуъбаҳо, инчунин 20 прокуратураи нав  дар шаҳру навоҳии мамлакат таъсис дода шуданд, ки ин иқтидори кории мақомотро дучанд зиёд намуд.
Ҷиҳати баланд бардоштани тайёрии касбии кормандони мақомот бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 декабри соли 1994,  курсҳои такмили ихтисос ва баъдан Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомот таъсис ва моҳи августи соли 2015 он ба Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисос табдил дода шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои дар хориҷи кишвар баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи касбии кормандон имконият пайдо гардида, ҳар сол  то  50 нафар ва танҳо  дар давоми 3 соли охир зиёда аз 200 нафар корманд бо ин мақсад ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуд. Дар ин давра музди меҳнати кормандон якчанд маротиба баланд бардошта шуда, барои фаъолияти самараноки онҳо тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.
Дар аксари шаҳру ноҳияҳо барои кормандон ҳуҷраҳои истиқоматии хизматӣ ҷудо шуда, даҳҳо нафари онҳо бо манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд. Кормандони мақомот дар хотир доранд, ки солҳои пеш  баъзе прокуратураҳо, аз ҷумла Прокуратураи нақлиёт, ноҳияҳои Ховалинг, Шаҳристон, Рашт, Исфара, Шаҳринав ва ғайра дар биноҳои садамавӣ ва  баъзеашон дар  биноҳои дигар  мақомот ва  ҳатто дар манзилҳои истиқоматӣ  ҷойгир шуда буданд. Ҳоло бошад, барои ин прокуратураҳо биноҳои   замонавии бисёрошёна сохта шуда, дар маҷмӯъ   22 бинои нав бунёд  ва зиёда аз нисфи   биноҳои маъмурӣ азнавсозӣ гаштаанд.
Кормандони мақомот дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқати худро ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намудаанд. Ҳамагон дар хотир доранд, ки ҳанӯз дар оғози даврони истиқлолият дар натиҷаи дасисабозиҳои душманони дохилию хориҷӣ кишвари мо ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари аз  даст рафтани  давлатдорӣ ба миён омада буд. Куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ ба авҷи аъло расида, гурӯҳҳои силоҳбадаст  минтақаҳои кишварро байни  худ тақсим  карда буданд.  Фаъолияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура  тамоман фалаҷ гардида,  амнияти  кормандон на дар ҷои кор ва на дар ҷои зист таъмин набуд. 24 августи соли 1992 ҷинояткорон аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев  ва ронандаи ӯро  ба қатл расонданд. Шаби 22 октябри соли 1992  бошад, шахсони мусаллаҳ ба утоқи кории прокурори онвақтаи шаҳри Душанбе, баъдан Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Саломиддин Шаропов ҳамла намуданд.  Ҷинояткорон ӯро наёфта,  қабулгоҳ  ва утоқи кории прокурори шаҳрро тирборон карданд.
Хушбахтона, баъди дар Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Тоҷикистон  таъсис ёфтан ва ба шаҳри Душанбе омадани  Ҳукумати қонунӣ  вазъият ранги дигар гирифт. Дар муддати кӯтоҳ фаъолияти мақомоти давлатӣ барқарор шуда, кормандон ба ҷойҳои кории худ баргашта, муборизаи оштинопазирро бо гурӯҳҳои ҷинояткор  оғоз намуданд. Яке аз талабҳои Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Прокурори генералӣ он буд, ки ҳодисаи ғасби ҳокимият бо роҳи табаддулоти давлатӣ, кушторҳои ходимони давлатӣ, шаҳрвандон ва дигар ҷиноятҳои дар ин давра содиршуда пурра ва ҳаматарафа тафтиш ва гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бо ин мақсад дар назди Прокуратураи генералӣ  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои  дар ин давра содиршуда иборат аз 35 гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ  дар ҳайати 250 нафар корманди  мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ таъсис дода шуд. Аз ҷониби ситод садҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла актҳои террористӣ нисбат ба чеҳраҳои намоёни давлатию ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби  гурӯҳҳои ҷинояткор  содир шуда буданд, мавриди пайгирӣ ва тафтиш қарор дода шуданд.
Кормандони прокуратура имрӯзҳо низ дар ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон шабу рӯз заҳмат мекашанд. Барои хизматҳои арзанда дар таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз соли 1993  то инҷониб 62 нафар корманди мақомот ба рутбаи олии дараҷавӣ  ва зиёда  аз 200 нафар бо мукофотҳои давлатӣ  ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд.
Мо - кормандони прокуратура дар оянда низ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, баҳри пешрафт, рушд ва инкишофи Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар хоҳем гузошт.
Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2017    №: 57    Мутолиа карданд: 1683
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед