logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Қатли ҳамсар ва баҳонаи фишори баланди хун
Дар шаҳри Истаравшан марди 62-солае ҳамсари худ-ро ба қатл расондааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода, иттилоъ медиҳад, ки ҷинояти куштор 9 марти соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматии ин шаҳрванд содир шудааст.
Гумонбар бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш марги ҳамсарашро бар асари бемории фишори баланди хун арзёбӣ кардааст. Вале, тибқи санади ташхиси судӣ дар ҷасади зан аломатҳои марги маҷбурӣ бо тариқи зӯроварӣ, шикасти қабурғаҳо, изи бастани роҳҳои нафас ва хунхобравии зиёд муайян шудааст.
Аз рӯи далели мазкур бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби прокуратураи шаҳри Истаравшан парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дарёфти ҷасади модар бо духтараш, қотил дастгир шуд
Рӯзи 11 март ҷисми беҷони як зани 56-сола ва духтари 34-солааш, сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз манзили истиқоматиашон бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо ҷароҳатҳои бурандаву халанда, дарёфт шуданд.
Ҳангоми гузарондани чора-биниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии созмоншуда вобаста ба ҷинояти куштори зикргардида марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид.
Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Боздошти ғоратгаре, ки қаблан суд шудааст
Кормандони милитсия зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе марди 28-соларо ба гумони ғоратгарӣ боздошт намуданд.
Тибқи иттилои ВКД, дастгиршуда қаблан бо моддаҳои 244 ва 248-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шудааст. Гумонбаршуда 1 феврал дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт бо тариқи зӯроварӣ аз зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе 2-адад телефони мобилии тамғаҳои “Самсунг-галакси” ва “Нокиа”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2017    №: 58    Мутолиа карданд: 1306
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед