logo

ҳуқуқ

САНАДҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ, дар ҳақиқат, муҳимтарин омили ҳастӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ, суботи ҷомеа ва бақои давлат аст. Ҳарчанд ваҳдатофарии миллати тоҷик собиқаи куҳан дорад, вале зарурат ва аҳамияти ин арзиш баъд аз касби Истиқлолияти давлатӣ беш аз пеш эҳсос гардид.
Инак, мо дар арафаи Ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Хушбахтона, ин ҷашни тақдирсози миллӣ дар шароите таҷлил хоҳад шуд, ки мафҳуму ормонҳои истиқлол, озодӣ, демократия барои доираҳои сиёсӣ, зиёиён ва тамоми мардуми азизи кишвар равшану мушаххас шудааст. Талошҳои ҳамагонию пурнишот барои пешрафти кишвар дар бахшҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ идома доранд. Дар зарфи 20 соли ахир ба шарофати ваҳдати миллӣ дар замири халқи мо бунёдкорӣ, созандагӣ ва офарандагӣ маъво гирифт. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар баробари озодию истиқлолият ва сулҳ чун ғояи умумимиллӣ азизу муътабар буда,  дар тафаккури мардуми мо нақши қутбнаморо касб кардааст.
Қобили зикр аст, ки баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба манзури расидан ба сатҳи болотари рушди иқтисодиёт чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда буд, барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ заминаи боэътимод гузошт.
Нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар ҷараёни гуфтушуниди миёни тоҷикон ва баъдан дар Комиссияи оштии миллӣ қабул шуданд, дар таҳкими ваҳдати миллӣ хеле назаррасанд. Санади ҳамдигарбахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 августи соли 1997), силсилаи қонунҳо дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои нави ҳуқуқии ваҳдати миллиро  ба вуҷуд оварданд ва онро тақвият бахшиданд.
Дар баробари ташкилоту созмонҳое, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа пайваста талош меварзанд, Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 сол қабл таъсис ёфта буд, нақши муассир дорад. Ин ниҳод, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон дода шуд, минбари муколамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошад. Шӯрои  мазкур яке аз бозёфтҳои сиёсии даврони соҳибистиқлолӣ ва институти нодири демократӣ дар миқёси минтақа ва собиқ давлатҳои  Иттиҳоди Шӯравӣ буда, вазифаи муттаҳидсозанда ва таҳкимбахшандаи ваҳдатро иҷро намуд. Принсипи асосии фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ризоияти ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, маънавию фарҳангии мамлакат мебошад, ки дар айни ҳол ҳамкории ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро низ таъмин менамояд.
Бо нигоҳе ба дастовардҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ метавон гуфт, ки 27 июни соли 1997 дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун рӯзи ғалабаи хирад ва пирӯзии ғояҳои ватандӯстӣ сабт хоҳад шуд. Ҳақиқати бебаҳс аст, ки барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ нуфузи Тоҷикистон ва эътибори Сарвари муаззами давлатро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам зиёд намуд. Пазироии ташаббусҳои байналмилалии Президенти мамлакат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва истиқболи гарми кишварҳои ҷаҳон аз иқдомоти ахири Сарвари давлати мо нисбат ба ҳалли масоили вобаста ба об дар ҷаҳон далели ин гуфтаҳост.
Дар ҷаҳони ҳассоси имрӯза вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят пурарзиш ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон посу гиромӣ дорад.
Фурқат САМИЗОДА,
ёрдамчии прокурори шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2017    №: 58    Мутолиа карданд: 1354
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед