logo

ҳуқуқ

СУҒД. ОҚИБАТИ ҶИНОЯТ ҶАЗО

Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои пешгирии қонуншиканиҳои вобаста ба замин тадбирҳои муассир андешида, танҳо дар соли гузашта 35,75 гектар заминро ба ҳолати аввала баргардонданд.

Ин нишондиҳанда баёнгари он аст, ки ҳанӯз ҳам дар маҳалҳо шахсони масъул хилофи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, даст ба ҷиноят мезананд. Масалан, Афзуналӣ Абдураҳмонзода, муовини якуми раиси шаҳри Истаравшан, ки худ бояд пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирад, дидаву дониста  хилофи қонун рафтор кард. Муовини якуми раиси шаҳр барои ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин аз шаҳрвандон Бобокалонов ва Мирзоев 18 декабр ва 24 декабри соли 2015 ба сифати пора дар ҳаҷми 3530 сомонӣ гирифтааст. Раиси Ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки ҳамин шаҳр Алиҷон Ғоибов бошад, аз моҳи декабри соли 2015 то 16 январи соли 2016 бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрванд Хушбахт Абдуҳамидов дар якчанд ҳолат 1900 сомонӣ барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,14 гектар, аз ҳисоби заминҳои обии ҳудуди ҷамоат гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.
Дар ноҳияи калонтарини вилоят Бобоҷон Ғафуров низ кормандони раёсати агентӣ моҳи сентябри соли гузашта чанд ҷинояти коррупсионии вобаста ба заминро ошкор сохтанд, ки дар ин ҷурм боз ҳам масъулон даст доранд. Ба гунаи мисол, У. Юлдошев дар вазифаи раиси Кумитаи  рушди деҳаи Сумчак ва А. Иброҳимов  ба ҳайси директори КДК Обшорони Ҷамоати деҳоти Додобой Холматов фаъолият дошта, ба мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани 0,15 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрванд М. О. Текин 40 ҳазор доллари ИМА талаб кардаанд. Онҳо дар навбати аввал, 15 январи соли сипаришуда, 1000 доллар гирифта, зимни азхудкунии маблағи навбатӣ ба миқдори 7 ҳазор доллар дастгир шуданд.
Дар бисёр маврид аз зудбоварии баъзе ашхос суиистифода карда, қаллобон онҳоро зуд ба доми фиребашон медароранд. Масалан, шаҳрванд Ҷӯрабой Шерматов худро ҳамчун миёнарав аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара вонамуд карда, бо роҳи фиреб дар моҳҳои июл - ноябри соли 2015 аз сокинони шаҳри Исфара  Р. Абдуқаюмов  4000, С. Каримов 3000 ҳазор ва Ш. Рабиева 6000, дар маҷмӯъ 13 000 доллари амрикоӣ гирифта, азхуд кардааст.
Кормандони раёсати агентӣ дар ноҳияи Деваштич фаъолияти қаллоби дигар - раиси Кооперативи истеҳсолии «Қалъаи Эшон»  Мирзоҷон Ғайбуллоевро мавриди санҷиш қарор доданд. Номбурда бо мақсади тасарруфи амволи ғайр, бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ даст ба ҷинояти қаллобӣ зада, охири соли 2010 аз шаҳрванд Назир Дадоҷонов барои ҷудо кардани қитъаи замин дар масоҳати 0,12 гектар 2300 доллар талаб карда гирифтааст. Ба ин қаноат накарда, ин дафъа аз шаҳрванд Ҷовид Дадобоев барои ҷудо кардани 0,10 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 1500 доллари ИМА талаб карда, баъди азхуд кардани ин маблағ ягон амалеро анҷом надодааст. Бори сеюм, моҳи сентябри ҳамон сол М. Ғайбуллоев шаҳрванд Шодимурод Нозимовро фиреб дода, барои ба номи бародараш Шавкат Зокиров ҷудо кардани 0, 10 гектар қитъаи замин аз ӯ 2000 доллар пора талаб намудааст.
Дар шаҳри Исфара кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳамин ҷурм Ҷ. Шерматовро дастгир карданд. Мавсуф ба бовари шаҳрванд Р. Бобоев даромада, аз ӯ бо ваъдаи ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, аз ҳудуди мактаби № 68-и шаҳри Исфара моҳҳои июл - ноябри соли 2015 -ум 5000 доллари ИМА-ро тасарруф кардааст. Нафси бад балои ҷон гуфтаанд. Ин дафъа Ҷ. Шерматов аз шаҳрванд Ҳ. Дадабоева маҳз бо ҳамин роҳ  8100 доллар ба даст овард.  Номбурда дафъаи сеюм шаҳрванд М. Рустамоваро бо ваъдаи ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин фиреб дода,  11 ҳазору 200 доллари ИМА-ро ба киса задааст. Директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон А. Ғозиев бо суистеъмол аз вазифа барои ба Ф. Воҳидова ҷудо кардани 1 гектар замин 7 ҳазор доллар ба даст овардааст.
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияташро дар ин самт пурзӯр намуда, барои пешгирӣ ва ошкорсозии  қонуншиканиҳои вобаста ба замин, дигар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта тадбирҳои иловагӣ  меандешад.
Васлибек НАЗРИЁН,
сарнозири бахши кадрҳо
ва таҳлилӣ - иттилоотии раёсати агентӣ дар вилояти Суғд, Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2017    №: 58    Мутолиа карданд: 1445
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед