logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. 2 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ ОШКОР ШУД

Коррупсия зуҳуроти  номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Ба ин нукта кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни корҳои ташвиқотӣ алайҳи коррупсия дар мулоқоту вохӯриҳо бо доираҳои гуногуни ҷомеа таъкид мекунанд. Дидору гуфтугӯҳои кормандони ин ниҳод бо роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия васеъ ба роҳ монда шудааст. Ахиран дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсия вохӯрии навбатии масъулони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи С. Раҳимов баргузор гардид.
Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки дар ин мулоқотҳо перомуни хавфҳои коррупсия ба ҷомеа, роҳу усулҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ мубодилаи судманди афкор сурат гирифт. Пешниҳод гардид, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсия, ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои коррупсионӣ ва роҳандозии корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт, пеш аз ҳама, бояд роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо  иқдом намуда, тадбирҳои қатъӣ андешанд. 
Дар вохӯрии масъулони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои мониторинги иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба иттилои манбаъ, тадқиқоти сотсиологии аз ҷониби агентӣ анҷомгирифта  нишон дод, ки аз 88455 нафари пурсидашуда 21660 нафар ё 24,4 дарсад сатҳи коррупсияро дар муассисаҳои таълимӣ баланд арзёбӣ намуданд, ки боиси нигаронист.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ соли фаъолияташ дар вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо 12 ҳазор тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронда, ба маблағи умумии қариб 2 миллиард сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудааст.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2017    №: 59    Мутолиа карданд: 1377
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед