logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁНИ МАМЛАКАТ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз дар арафаи Ҷашни фархундаи байналмилалии Наврӯз бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳёи Наврӯзи бостонӣ ва хусусиятҳои хосу барҷастаи ин иди ниёгон, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст, андешаронӣ карданд.
Сарвари давлат аз ҷаҳонишавии Наврӯз ва минбаъд ба таври густурда ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани ойинҳои хоси он ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки зиёиёни тоҷик барои тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин Ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардондани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо талош меварзанд.
Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёиён ҳамчун неруи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеона ҳифз намоянд.
Чун соли 2017 аз ҷониби Президенти мамлакат Соли ҷавонон эълон гардидааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аҳли зиё, бояд ташаббусҳои насли ояндасозро дастгирӣ карда, онҳоро ба роҳи омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ободу пешрафта гардондани Ватани азизамон - Тоҷикистон ҳидоят намоянд. Вобаста ба фароҳам овардани шароити созгор баҳри зиёиёни ҷавон ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир ҳамаи сохторҳои илмиву таълимии кишвар вазифадор шуданд. Тарғиби бузургтарин дастоварди халқи кишвар ба хотири таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азиз, инчунин, забон, фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ низ яке аз вазифаҳои муҳими аҳли зиё арзёбӣ гардид.
Доир ба рушди соҳаи фарҳанг, ки ба беҳдошти дунёи маънавии инсон таъсири амиқ мегузорад, зарур шумурда шуд, ки аҳли эҷоди кишвар - олимон, ходимони адабиёт, театр, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, кино ва дигарон низ бо дарназардошти ин рисолати инсонсози фарҳанг ба рушди ҳамаҷониба ва мунтазами он таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоянд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зиёиёни мамлакат ва мардуми кишварро ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, ба онҳо саодати зиндагиро орзу намуданд.
Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иддае аз иштирокчиёни мулоқот - Фарҳод Шокиров докторанти Институти физикаву техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мафтуна Назирова - адиби ҷавон, корманди ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”, Моҳпайкар Ёрова - ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Бузургмеҳри Баҳодур - адиби ҷавон, корманди рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Дилшод Раҳимов - муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг, Рафоати Файзалӣ - раиси Шӯрои духтарони клуби волонтёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Набизода Набӣ -  директори муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” баромад карда, оид ба дастгириҳои амиқи Пешвои миллат аз рушди бахшҳои иҷтимоӣ, ҷонибдории ташаббусҳои аҳли зиёи мамлакат ва дигар тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар ибрози назар намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2017    №: 60    Мутолиа карданд: 1526
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед