номаҳо
ФАЙЗОБОД ДИЁРЕ ДӮСТДОШТАНӢ
Файзобод – ин як гӯшаи диёри маҳбубамон бисёр зебову дилрабову дӯстдоштанӣ аст. Бо обу ҳавои файзбахши худ фарқ мекунад. Вале рушду нумӯи батадриҷи он ба давраи Истиқлолияти давлатӣ рост омад. Маҳз ин гуна озодӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ин гӯшаи афсонавии диёрамон бештару беҳтар рушд бикунад ва ба дастовардҳои беназир ноил бигардад.
Ман худ чун собиқ корманди Вазорати корҳои дохилии кишвар вазъи пештараи ин диёрро дар он рӯзгори даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ хуб медонам. Умедҳо барои барқарории сулҳ аз даст рафта буд. Қисме аз мардум, сокинони он ба хотири ҷону нон фирор карданд. Садои тир, ҳуҷумҳои ногаҳонӣ, гаравгонгирӣ, ғорати моли мардум аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ осудагиро ба пуррагӣ аз миён бурда буданд. Шукр, ҳолиё аз он ҳама нишоне нест, сулҳу амонӣ барқарор аст. Мардум бо осудагии хотир аҳлона меҳнат мекунанд ва ин гӯшаро рӯз ба рӯз ободтару зеботар менамоянд.
Ҳар кадоми онҳо аз ғамхорию таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба ин гӯшаи диёр қаноатманду шукргузоранд. Ҳар ташрифи ӯ файзи дигар мебахшад. Бо дастгирӣ, дастуру раҳнамоияш тамоми соҳаҳо рушди тоза меёбад. Махсусан, мулоқотҳои самимияш, ки падаронаву ғамхорона буданд, ҳеҷ аз хотирамон намеравад. Аз ин хусус бо нишони ризояти комил зимни суҳбатҳо бисёр мегӯему мешунавем. Воқеан, мардум қоиланд ва бо як навъ изҳори сипос изҳор медоранд, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат шахсони дасту дили пок доштаву арзандаро ба мақоми раиси ноҳия таъйин мекунад. Аз зумраи ин шахсони кордону ғамхору ободгар Миралӣ Раҷабзода мебошад, ки аз соли 2015 роҳбари ин ноҳия аст. Дар андак муддат ӯ симои Файзободро ба маънии мусбаташ дигар кард. Мо – сокинони ин ноҳия пешрафту гул-гулшукуфии онро мебинему меболем ва ифтихор мекунем.
Тоҷиддин ИЗОМИДДИНОВ,
раиси шӯрои собиқадорони меҳнати деҳаи
Лолагии Ҷамоати деҳоти Вишгарди ноҳияи Файзобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.03.2017 №: 62 Мутолиа карданд: 1830