туризм
ФЕДЧЕНКО ВА ХИРСОН. ТАВАҶҶУҲИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ МЕАФЗОЯД
Пиряхҳои водии Бадахшон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат тамошогоҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ ва меҳмонони гӯшаю канори кишвар гардидаанд. Ин муъҷизаҳои беҳамтои табиат дар мавзеъҳои кӯҳии Абдулқаҳҳор, Пои Мазор, Сумгад, Ванвану Мурғудга ва Змахсум ҷойгиранд. Ҳавои софу форам ва ҷангалистонҳои анбӯҳ, марғзорҳои сабз бо рустаниҳои гуногуни атрофи онҳо ҳар бинандаро шефтаи табиати Тоҷикистон месозад.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст», - таъкид доштанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар.
Давлатбибӣ Раҷабова, раиси ноҳияи Ванҷ, изҳор дошт, ки пиряхҳои бузург - Федченко, Хирсон ва Кашолях дар минтақа аз захираҳои азими обӣ шаҳодат медиҳанд. Ин манбаъҳои азими обӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳбудии муҳити зист имконияти васеъро фароҳам сохтаанд. Бинобар ин, истифодаи оқилонаи онҳо дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулони соҳа мебошад.
Соли 2015 бо ташаббуси Пешвои миллат дар водии Ванҷи Боло, дар мавзеъҳои наздики пиряхҳои минтақа аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон марказҳои савдою хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳо барои сайёҳону меҳмонон ба фаъолият пардохтанд.
Дар мавзеи ҷойгиршавии пиряхҳои Федченкою Хирсон биноҳои марказҳои илмӣ - тадқиқотии «Хрустал» ва «Далний» низ сохта шуда, бо таҷҳизоти омӯзиши ҳолати лозурҳо таъминанд. Мутахассисони соҳа ҳамарӯза ба воситаи радиоалоқа аз вазъияти пиряхҳо ба шаҳри Душанбе хабар ирсол менамуданд. Аммо кунун аз шаҳракҳои илмӣ - тадқиқотии домони пиряхҳои номбурда ному нишоне нест. Тайи солҳои охир танҳо шикорчиён ва шахсони табиатдӯст ҳангоми ҷамъоварии рустанию гиёҳҳои шифобахш аз вазъияти пиряхҳо огоҳӣ пайдо намуда, ба дигарон маълумот мерасонанд.
Дар ин мавзеъҳо кони бузурги мармари сурху сиёҳ низ аз ҷониби геологҳои тоҷик кашф гардидааст. Назриддин Асоев, мутахассиси соҳа, изҳор дошт, ки дар ин самт ҳоло ҳам корҳои тадқиқотӣ идома доранд. Яке аз ширкатҳои Чин ба коркарди ин сангҳо мароқ зоҳир карда, дар ин макон ду километр роҳи нав ва биноҳои маъмурию меҳмонхона бунёд намуд. Ҳамчунин, имсол аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар ва шарикони хориҷӣ дар роҳи 75 - километраи Рохарв - Пои Мазор 3 пул сохта хоҳад шуд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2017 №: 65 Мутолиа карданд: 3224