ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Боздошти қотиле, ки қаблан ҳам ҷиноят содир намудааст
Прокуратураи шаҳри Норак нисбат ба шаҳрванд Баҳром Сафаров, сокини ноҳияи Восеъ, ки муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе гуфта мешавад, барои содир намудани ҷинояти куштор бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ дар тафсилоти ҳодисаи куштор менависад, ки рӯзи 8 март ба қисми навбатдории ШВКД дар шаҳри Норак оид ба дарёфти ҷасади зани шахсияташ номаълум бо аломатҳои марги маҷбурӣ телефонӣ хабар дода шудааст. Ба дунболи хабар гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ, аз ҳисоби кормандони РВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар шаҳри Норак, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, муайян карданд, ки зани кушташуда сокини деҳаи Обшорони ноҳияи Ёвон будааст.
Ба гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ муяссар гардид, ки дар камтарин фурсат ҷинояти махсусан вазнинро кушода, шахси гумонбарро дастгир намояд. Бино ба иттилои манбаъ, ҷинояти мазкурро шаҳрванд Баҳром Сафаров, ки пеш бо моддаи 138-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, содир намудааст. Номбурда шаҳрванд С. Г. - ро дар шаҳри Душанбе бо ресмон бӯғӣ карда, ба ҳалокат мерасонад ва барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардааш ҷасадро дар километри 60-уми Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак ба ҷарӣ партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Парвандаи ҷиноятӣ барои дурӯғгӯӣ
Мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода, марди 62-сола ба гумони додани шаҳодати бардурӯғ боздошт ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Гумонбаршуда зимни гузарондани ташхиси судӣ-тиббии ҷасади духтари 17 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Сешанбе дидаву дониста, ки ӯ аз захмҳои халандаю буранда ба қатл расидааст, хулосаи бардурӯғ пешниҳод намудааст. Бар пояи хулосаи ташхиси судӣ-тиббии пешниҳодкардаи ӯ, гӯё духтари ноболиғ даст ба худкушӣ зада, худро бо роҳи оташзанӣ ба ҳалокат расондааст.
Тибқи иттилои ВКД, гумонбаршуда дар пайи чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.2017 №: 66 Мутолиа карданд: 1132