ҳуқуқ
АГЕНТӢ БЕШ АЗ 500 КИЛОГРАММ МАВОДИ НАШЪАОВАРРО БА КОМИ ОТАШ ДОД
Дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ 537 килограмму 201 грамм маводи нашъаовар сӯзонда шуд.
Аз ин 8 килограмму 386 грамм героин, 49 килограмму 768 грамм афюн, 98 килограмму 400 грамм ҳашиш ва 380 килограмму 645 грамм бангдона буда, барои нобудсозии онҳо ҳукми суд содир шудааст. Маводи мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузарондани амалиётҳои вижаи оперативӣ - ҷустуҷӯӣ мусодира гардидааст.
Агентии назорати маводи нашъаовар дар баробари мусодира ва нобуд кардани мухаддирот, ҳамзамон ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ, паҳншавии он дар ҷомеа чорабиниҳои гуногуни фарҳангию таблиғотиро ба роҳ мондааст. Ахиран, чунин як чорабинӣ бо ҷалби намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе дар хобгоҳи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Озода Абдуллозода, нозири шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии агентӣ, оид ба маводи нашъаовар ва оқибатҳои фалокатбори он ибрози назар намуда, зикр сохт, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди номатлуб ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон на танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру огоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад.
- Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон Ҳукумати мамлакат то имрӯз нақшаву барномаҳои зиёдеро татбиқ карда, барои ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Гузашта аз ин, ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад, - иброз дошт Озода Абдуллозода.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.2017 №: 66 Мутолиа карданд: 1100