маориф
НУРОБОД. АФЗАЛИЯТ БА ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН
Дар ноҳияи Нуробод ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани омӯзгорони ҷавон ва барои онҳо фароҳам овардани шароити мусоиди кориву зиндагӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад.
Тавре ки Мирзоалӣ Асалов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 - и Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ зимни суҳбат ба мо иттилоъ дод, ҳоло дар ин муассиса 4 нафар духтароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро дар риштаи омӯзгорӣ хатм намудаанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, барояшон тамоми шароити зисту зиндагонӣ фароҳам оварда шудааст.
Ганҷина Кабутова соли 2012 Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро хатм намуда, ҳоло вазифаи ҷонишини директори муассисаҳои таълимии мазкурро ба дӯш дорад. Назира Маҳмадбекова, Гулнамо Раҳмонбекова ва Мавзуна Амонбекова, ки соли 2015 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм намудаанд, дар муассисаи таълимӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар яке аз биноҳои ёрирасони муассиса барои онҳо хобгоҳ ҷудо карда шуда, аз тарафи Ассотсиатсияи волидон ва омӯзгорони мактаб бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.
- Ҳамкории волидон бо ин омӯзгорони ҷавон мувофиқи матлаб роҳандозӣ гардидааст. Аз ин ҷост, ки сатҳу сифати дониши хонандагон низ боло меравад. Соли таҳсили ҷорӣ 6 нафар шогирдони онҳо дар даври минтақавии олимпиадаи мактаббачагон иштирок намуда, 1 нафар аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи сеюм гардида, 5 нафари дигарашон барои иштироки фаъол сазовори мукофотҳои хотиравӣ гардиданд, - гуфт Мирзоалӣ Асалов.
Наргис Маҷидова, муовини раиси ноҳияи Нуробод, дар ин бора изҳор дошт, ки ҳоло 26 нафар духтарону писароне, ки тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намуданд, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо ҷойи кор ва манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд. Масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста ва фаъолияти пурсамарашон дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти ноҳия қарор дорад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.03.2017 №: 67 Мутолиа карданд: 1590