маориф
МУЪМИНОБОД. МАКТАБИ МУСИҚӢ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД
Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар теъдоди зиёди муассисаҳои наву замонавӣ бавижа мактабу литсей ва қасрҳои фарҳанг сохтаву мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд.
Бо вуҷуди ин, теъдоди зиёди муассисаҳои фарҳангие низ ҳастанд, ки аз назари масъулони навоҳии кишвар дур мондаю рӯ ба нестӣ оварда истодаанд.
Мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Муъминобод аз соли 1975 - ум фаъолият намуда, теъдоди зиёди мутахассисонро дар соҳаи фарҳангу мусиқӣ омода намудааст. Имрӯз ҳеҷ кас аз он ёд намекунаду бинои муассиса ба харобазор табдил ёфтааст. Норасоии ҷойҳои нишаст, мизу курсӣ, синфхонаҳо ва асбобҳои мусиқӣ аз зумраи мушкилотест, ки хонандагону омӯзгорони ин муассисаро ба ташвиш овардааст.
Рамазон Саидов, директори муассисаи мазкур, мегӯяд, ки «Барои ҳалли мушкилот борҳо ба раиси ноҳия бо мактуб муроҷиат кардем. Дар мактубҳо сабабҳои ба чунин ҳолат афтодани муассисаро баён намудем. Мутаассифона, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳеҷ вокунише ба миён наомад. Дар мактаб танҳо як асбоби мусиқӣ боқӣ мондааст, он ҳам пианино мебошад. Дар муассиса 15 нафар омӯзгор ба 146 нафар толибилм дарс мегӯянд. Барои шогирдон бошад, теъдоди муайяни асбоби мусиқӣ лозим аст. Айни ҳол ин мушкилиро худи хонандагон ва волидони онҳо ҳал намуда истодаанд. Аммо асбобҳое низ ҳастанд, ки ба харидории онҳо на имконияти волидон мерасаду на маъмурияти мактаб».
Феълан бинои муассиса дар бинои собиқ таваллудхонаи ноҳия қарор дорад, ки барои гузарондани машғулиятҳо мувофиқ нест. Аз норасоии синфхонаҳо як қатор омӯзгорон машғулиятҳоро дар бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2 ва 50, хонаи ятимон ва бепарасторони ноҳия ва бинои бахши фарҳанг мегузаронанд.
Р. Саидов иброз медорад, ки шумораи зиёди волидон барои маълумоти мусиқӣ гирифтани фарзандонашон дари мактабро мекӯбанд. Бо сабаби надоштани шароити мусоид талаботи онҳо қонеъ гардонда намешавад.
Новобаста аз камбудию нуқсонҳои ҷойдошта омӯзгорону хонандагони ин даргоҳи ҳунар дар тамоми чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Сорбони Ҷӯрахон, аз хонандагони муассиса, ки дар синфи 3 - юм бо тахассуси рубоб ҳунар меомӯзад, мегӯяд, ки мушкили асосии онҳо надоштани ҷой барои гузарондани машғулиятҳои инфиродӣ ва тамрин мебошад. «Мо дар як синфхонаи хурди назарногир таълим мегирем. Он ҳам бошад, деворҳояш кафида. Дар ноҳияи дурдасти мо дастрас намудани асбобҳои хушсифат мушкили дигар мебошад. Шароити аз пойтахт овардани асбоби хушсифатро на ҳар хонанда дорад. Бинобар ин, бо асбобҳои фарсуда машқ мекунем», - мегӯяд С. Ҷӯрахон.
Бинобар иттилои Нурулло Аврангов, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Муъминобод, мушкилоти мазкур ба набуди маблағ вобаста аст. «Ба ҳама маълум аст, ки фаъолияти муассиса ба талабот ҷавобгӯ нест. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар ноҳия ба мушкилоти муассисаи мазкур аз паси панҷа менигариста бошанд. Барои сохтани бинои замонавӣ ва ё таъмири бинои ҳозираи он маблағи калон лозим аст. Мо айни замон ин гуна маблағро надорем. Дарёфти маблағ ва ба мушкилоти муассиса рӯ овардани мақомоти ҳокимияти давлатӣ кори вақт аст», - гуфт ҳини суҳбат Н. Аврангов.
Дар минтақа ба чунин муассисаҳои фарҳангӣ ниёз доранд. Зарур аст, ки дар роҳи ҳифз ва равнақи онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода барем.
Исломи РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.03.2017 №: 67 Мутолиа карданд: 1573