номаҳо
"ҶУМҲУРИЯТ" РӮЗНОМАИ ДӮСТДОШТАИ МОСТ
Ҳар шумораи ин рӯзномаро бесаброна интизор мешавам. Ҳамин ки ба даст мерасад, нахуст ба саҳифаи аввали он чашм медӯзам. Чун ҳамешагӣ «Сухани рӯз» ва хабарҳои тозаи гӯшаи «Тоҷикистон» ва «Ҷаҳон дар як сатр» диққатамро ба худ мекашад. Мутолиа мекунаму лаззат мебарам. Ойинаи пурҷилое гӯё бо ман ҳамсуҳбат мегардад. Ойина софу пок аст ва аз ҳар гӯшаю канор бароям маълумот медиҳад. Хабарҳои ин саҳифа хурд-хурду хонданибоб мебошанд ва тарзи пешниҳоди шоистае доранд. Саҳифаҳои рӯзнома аз хабару гузоришҳои навин ва лавҳаю очеркҳои муосир низ пур мебошанд. Бахусус, саҳифаи иттилоотӣ – фароғатии «Шоми шанбе» хеле хонданию дилкаш таҳия мегардад. Хабарҳои тозаи саҳифа ва тозатарину ҷолибтарин навидҳои фарҳангӣ – адабӣ, шеъру ҳикоёти марғуб аз рӯзгори гузаштагону муосирон, ки бо аксу расмҳои афсонавӣ оро ёфтаанд, хонандаро ба сайри олами андешаҳои рангину дурпарвоз ҳидоят месозанд.
Эълон намудани озмун дар пешорӯи иди бузурги миллӣ 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва бахшида ба Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум аз ҷониби идораи «Ҷумҳурият» ташаббусест нек. Он дар худшиносии шаҳрвандон, пойдории сулҳу ваҳдат ва боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ мусоидат мекунад. Нашри силсилаи мақолаҳо дар ин мавзӯъ нишон дод, ки ҳанӯз бисёр паҳлуҳои зиндагию фидокории Нусратулло Махсум пурра омӯхта нашудааст. Ва ин иқдоми идораи рӯзнома боиси таълифи мақолаҳои наву пурмазмун гардида, туҳфаи хубест ба Ҷашни Ваҳдати миллӣ.
Ҳамчунин, озмуни дигари рӯзнома бахшида ба Соли ҷавонон бо номи «Пайрави Пешво» хеле саривақтӣ ва муҳим мебошад. Дар саҳифаҳои рӯзнома матлабҳои проблемавӣ, таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ низ ба табъ мерасанд, ки дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат менамоянд. Фаъолияти ҳайати эҷодӣ чашмрас буда, мувофиқ ба талаботи замон аст. Ба ҷуз ин, шахсиятҳои маъруф, мутахассисони соҳаҳои гуногун бо маводҳои ҷолибу хонданӣ баромад мекунанд. Шукр мекунему ифтихор менамоем, ки «Ҷумҳурият» ҳар рӯз аз нашр мебарояд ва зуд дастраси хонандагон мегардад.
Маҷид САЛИМ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.03.2017 №: 68 Мутолиа карданд: 1843