маориф
КОРИ ХАТТӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОН ҲАТМӢ МЕГАРДАД
Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2018 дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) кори хаттӣ (эссе) ҷорӣ шуда, барои ҳамаи довталабон навиштани он бо забони тоҷикӣ ҳатмӣ мегардад. Дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала корҳои омодагӣ оғоз ёфтаанд.
Ҳадаф аз татбиқи амалии ин дастур, ки довталабон танҳо бо саволу ҷавоби якранг маҳдуд нашуда, нутқи хаттии худро низ нишон диҳанд. Мувофиқи фармоиши Вазорати маориф ва илм моҳи ноябри соли гузашта байни хонандагони синфҳои 11 - уми 28 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ озмоиши кори хаттӣ (эссе) гузаронда шуд.
- Таҳлили натиҷаи корҳои хаттӣ аз рӯи меъёрҳо (мазмуну мундариҷаи иншо ва шумораи ғалатҳои имлоӣ, китобатию услубӣ) нишон дод, ки сатҳи дониши хонандагон, бавижа нутқи хаттии онҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Тибқи натиҷаҳо аз 916 нафар хатмкунанда 720 нафар ҳамагӣ 50 дарсад холи имконпазири ҳадди аксарро соҳиб шуданд, ки бисёр нигаронкунанда аст, - тазаккур дод Ҷамшед Аслиддинзода, сардори шуъбаи таҳияи маводи имтиҳон.
Ҳоло масъулони Маркази миллии тестӣ ният доранд барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёна меъёри баҳогузорӣ ва тафтиши дурусти кори хаттиро омӯзонанд ва то соли 2018 дастуру роҳнамоҳои махсусро таҳия ва байни омӯзгорон паҳн созанд.
Маркази миллии тестӣ се сол аст, ки баҳри таъмини шаффофияти раванди имтиҳонҳо, арзёбии воқеии дониши довталабон ва баробарҳуқуқии онҳо барои роҳ ёфтанашон ба таҳсилоти миёнаю олии касбӣ хизмат мекунад.
Айни ҳол, масъулони марказ ба масъалаи шаффофияти раванду марҳалаҳои ИМД ва арзёбии воқеии дониши довталабон машғуланд. Барои амалӣ намудани ин кор тамоми шароит ва имкониятҳои зарурӣ муҳайё мебошад. Аз шароитҳои мавҷуда дуруст истифода бурдани довталабон ба худи онҳо вобаста мебошад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.04.2017 №: 69 Мутолиа карданд: 1831