logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Се бародар ҷамъ 52 сол ҳабс шуданд
Суди шаҳри Қӯрғонтеппа бародарон Алишер, Зафар ва Баҳодур Тиллоевҳоро барои суиқасди таҷовуз ба номус ва расондани зарари ҷисмонии вазнин, ки боиси марг шудааст, ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.
Ашхоси номбурда 9 июли соли 2016 дар ҳолати сархӯшӣ дар шаҳри Сарбанд бо истифодаи зӯроварӣ кӯшиши таҷовуз ба номуси шаҳрванд М. Ш. намуда, Буран Давуров - хусури ин занро, ки барои раҳоии келинаш ба ҷойи ҳодиса омадааст, латукӯб намудаанд.  Дар натиҷа ҷабрдида баъд аз як рӯз дар Беморхонаи клиникии ба номи Б. Воҳидови вилояти Хатлон ба ҳалокат расидааст.
Аз суди шаҳри Қӯрғонтеппа ба хабарнигори “Ҷумҳурият” дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки бо ҳукми суд Алишер Тиллоев 20 сол, Зафар Тиллоев 17 сол, Баҳодур Тиллоев ба муҳлати 15 сол равонаи зиндон шуданд. Тибқи таъйиноти суд, онҳо муҳлати адои ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт сипарӣ хоҳанд кард.

Пешниҳоди пора на роҳи раҳоист, балки ҷиноят аст
Мудири анбори мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ноҳияи Шаҳринав Б. Низомов барои истифодаи маҳсулоти ғизоии муҳлаташ гузашта ва пешниҳоди пора ба ёрдамчии прокурори ноҳия пушти панҷараи зиндон рафт.
Санҷиши прокуратураи ноҳияи Шаҳринав дар мактаб-интернати мазкур нишон додааст, ки Б. Низомов  маҳсулоти ғизоии муҳлаташ гузашта ва ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набударо дар анбор нигоҳ дошта, моҳи январи соли 2017 аз он дар тайёр намудани хӯрок барои кӯдакони ятим  истифода бурдааст.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки номбурда барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ раҳо шудан  ба ёрдамчии прокурори ноҳия 3 000 сомонӣ пора пешниҳод намуда, моҳи феврал ҳангоми додани ришва дастгир шуд.
Дар робита ба ин аъмоли ношоиста нисбат ба Б. Низомов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 209 қисми 1 ва 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардид. Суди ноҳия парвандаро баррасӣ намуда, мудири анбори мактаб-интернатро 5 солу 6 моҳ  аз озодӣ маҳрум кард.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2017    №: 69    Мутолиа карданд: 1116
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед