маориф
МАОРИФ. ДАР РУШДИ ОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ
Ҳукумати кишвар ба масъалаи таҷдиду такмили заминаҳои моддиву техникии соҳаи маориф, истифодаи пурсамари имконияту неруҳои илмӣ, инчунин, дастгирии ҳамаҷонибаи хонандагони болаёқат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Зеро раванди омода кардани мутахассисони ояндасоз аз мактаб оғоз мегардад. Таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намудан ба сатҳу сифати донишандӯзии хонандагон, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҷавоби ғамхориҳои Ҳукумат ва Сарвари давлат аз ҷониби омӯзгорон мебошад.
Бо ҳамин мақсад, дар шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд семинари роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид. Дар семинар масъалаҳои низомномаи шӯроҳои педагогӣ, таҳсилоти иловагии хонандагон, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим ва ба нақша гирифтани чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Зикрулло Иброҳимов таъкид намуд, ки дар амалишавии нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гаштани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа тақозо менамояд, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳмгузор бошанд ва ба ин масъалаи ниҳоят муҳим бо камоли масъулият муносибат намоянд.
Пешрафт ва рушди ҷомеа маҳз аз мақому манзалати омӯзгор ва сифати дониши хонандагон вобастагӣ дорад. Омӯзгорони ноҳияи Деваштич ба мисли тамоми кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми мактабу маориф қувваю неруи маънавии худро дареғ нахоҳанд дошт.
Лоиқ ТӮЙЧИЕВ, ноҳияи Деваштич
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.04.2017 №: 70 Мутолиа карданд: 1608