logo

ҳуқуқ

АМНИЯТИ МИЛЛӢ. АНДЕШИДАНИ ТАДБИРҲОИ САРИВАҚТӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва низомӣ дар вилоятҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бахусус дар вилоятҳои Балху Қундуз ва Тахору Бадахшон бинобар афзоиш ёфтани фаъолияти созмонҳои ифротгароӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, идомаи задухӯрдҳои мусаллаҳона миёни дастаҳои тахрибкор ва қувваҳои ҳукуматии ин кишвар дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, инчунин, муомилоти маводи мухаддир аз тарафи қочоқбарони афғон, то ҳол мураккаб боқӣ мемонад.

Ин матлабро Миралӣ Розиқов, намояндаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конфронси илмию амалӣ, ки бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти мамлакат таҳти унвони «Мушкилоти амнияти Осиёи Марказӣ: омилҳои минтақавӣ ва таҳдидҳои нав» баргузор гашт, ироа намуд. Мавсуф, ки мавзӯи «Вазъи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон»-ро ба меҳвари баҳс кашида буд, изҳор намуд, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, пеш аз ҳама, политсияи сарҳадии Вазорати умури дохилии ин кишвар барои аз нуфузи гурӯҳҳои Толибон пок сохтани вилоятҳои зикршуда ва барбод додани нақшаҳои тарҳрезинамудаи онҳо муборизаро давом дода истодаанд. 
Дар ҳамоиш, ки олимону коршиносони масоили сиёсию амниятӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои ҷамъиятӣ ва доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ иштирок доштанд, паҳлуҳои гуногуни марбут ба мушкилоти амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки зуҳури баъзе равандҳои номатлуби замони муосир, ба мисли терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ на танҳо ба амният ва суботи минтақа, балки ҷаҳон таҳдид менамояд.
Хуршед Шозедов, намояндаи Вазорати мудофиаи кишвар, ки дар мавзӯи «Сенарияҳои эҳтимолии инкишофи вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақавӣ» суҳбат мекард, бо такя ба маводи расмӣ, вазъи ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро таҳлил намуда, иброз дошт, ки сенария ё раванди инкишофи минбаъдаи вазъиятро дар кишвари ҳамсоя пешгӯӣ кардан мушкил аст. Зеро таҳлили фаъолияти гурӯҳҳои радикалӣ-экстремистӣ нишон медиҳад, ки бо фарорасии фасли гармо ҷангиён саъю талоши худро барои зери назорат даровардани якчанд маркази маъмурии минтақавӣ равона месозанд. Ҳамзамон, фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар шимоли ин кишвар фаъол мегардад, ки ин раванд андешидани тадбирҳои саривақтии минтақавиро тақозо дорад.
Прокурори Раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералӣ Шоҳин Талбакзода таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба мавзӯи «Нақши мақомоти прокуратура дар пешгирии таҳдидҳои навин ба амнияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» ҷалб намуда, зикр кард, ки гаравидани наврасону ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, аз ҷумла ба равияи динии манъшудаи «Салафия» ба манфиатҳои миллӣ хатар эҷод менамояд. Ба андешаи ӯ, олимони диншинос ва коршиносони соҳа бояд сабабҳои афзоиш ва шиддат гирифтани таъсири ғояҳои ифротӣ, баланд бардоштани нақши ақоиди анъанавӣ, дунявӣ ва диниро бори дигар, бо назардошти равандҳои муосир, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳанд.
Дар конфронс, инчунин, самтҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, омилҳои минтақавии проблемаи амният ва таҳдидҳои нави муосир, аз қабили тафаккури ифротгароӣ ва тундгароӣ, мубориза бо фаъолияти гурӯҳи «Давлати исломӣ» ҳамчун самти асосии таъмини амнияти минтақавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун омили паҳнкунии ғояҳои радикализми динӣ ва ифротгароӣ дар доираи амнияти минтақавӣ ва усулҳои мубориза бо онҳо, қочоқи маводи мухаддир ҳамчун омили таҳдиди минтақавӣ баррасӣ ва таҳлил шуданд. Перомуни масъалаҳои рафъи мушкилоти мавҷуда дар таъмини амнияти минтақа, ҳалли мусолиҳатомези муноқишаи Афғонистон, ҳамкориҳои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳим мубодилаи афкор сурат гирифт.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2017    №: 70    Мутолиа карданд: 1302
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед