logo

ҳуқуқ

ГУМРОҲӢ ВА СЕЗДАҲ СОЛИ МАҲРУМӢ АЗ ОЗОДӢ

Суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Бохтар Баҳодур Тухтаеви 22 -  соларо бо моддаи 3071 қисми 2, 32 қисми 3 - 4011 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломатҳои содир кардани ҷинояти даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ бо истифодаи шабакаи интернетӣ ва суиқасд дар иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум кард.

 

Тавре аз ҳукми додгоҳ бар меояд, Тухтаев Баҳодур ҳангоми дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия буданаш, моҳи августи соли 2016 худро дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо номи мустаори «Ey Ummat Trij Farzi Ayn boldi» (Эй уммат, ҷиҳоди зинда фарзи айн шуд), ки бо пешниҳоди хоҷагонаш номгузорӣ шудааст, сабт намуда, тавассути он пайваста наворҳои амалиёти ҷангии аъзои ташкилоти экстремистию террористии «Давлати исломӣ»-ро тамошо мекардааст. Номбурда соли 2016 дар сомонаи иҷтимоии худ 26 акси хусусияти экстремистидоштаро ҷой дода, бо ин роҳ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистии созмонҳои террористӣ даъвати оммавӣ намудааст. Мувофиқи хулосаи комиссияи коршиносони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 12 январи соли 2017, дар 13 акси аз саҳифаи интернетии «Одноклассники» - и Баҳодур Тухтаев дарёфтшуда даъватҳои оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла барангехтани кинаю адоват, низои динӣ ва мазҳабӣ дар байни мардум  дида мешавад. Ин ҷавони гумроҳ аввали моҳи декабри соли 2016 бо даъвати хоҷагони хориҷиаш кӯшиши аз шаҳри Маскав ба Ҷумҳурии Туркия ва аз он ҷо ба Сурия рафтанро карда, дар фурудгоҳи Шереметово аз ҷониби кормандони Хадамоти бехатарии Федератсияи Русия (ФСБ) дастгир шуд.
Солҳои охир аз ҷониби мақомоти қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон дар амри мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм чораҳои муассир андешида шуда, миқёс ва мизони ин хатарҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Вале омори содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистидошта дар вилояти Хатлон ва таҳлили сабабу омилҳои он нишон медиҳанд, ки дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб бояд тадбирҳои бештар андешида шаванд.
Хурофот, таассуб, ифротгароӣ ва бесаводӣ ҷаҳолат ва торикист ва ба мардум танҳо бадбахтӣ меоранд. Чунин падидаҳои аҳриманӣ набояд мояи бадбахтию сияҳрӯзии худу фарзандон, пайвандон ва ҳамватанон бошанд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2017    №: 71    Мутолиа карданд: 1079
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед