logo

ҳуқуқ

ЯК ЛАҲЗА ҒАФЛАТ – ЯК УМР ҲАСРАТ

Шуъбачаи Бозрасии давлатии автомобилии шуъбаи 1 - и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ барои пешгирӣ ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ронандагӣ, коҳиш додани ҳолатҳои садамавӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамеша чораҳои зарурӣ меандешад.
Ноҳияи Рӯдакӣ яке аз калонтарин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, аз ҳудуди хизматии ШВКД-1 - и ин минтақа ба ҷуз 304,5 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллидошта, инчунин, 24,6 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалидошта низ мегузарад. Аз ин сабаб, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҷамъоварии андози нақлиёт ва муоинаи техникии он аз кормандони шуъбача масъулият ва фаъолияти пурсамари шабонарӯзиро тақозо мекунад. Саидбурҳон Асламзода, сардори ШБДА – и ноҳия, подполковники милитсия, зимни суҳбат иброз дошт, ки бо вуҷуди андешидани чораҳои зарурӣ ва назорати пайваста, шумораи ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт рӯ ба афзоиш овардааст. Яке аз сабабҳои асосӣ зиёд шудани шумораи нақлиёт дар ҳудуди ноҳия дониста мешавад. Зеро то охири соли 2016 агар дар ноҳия 13 393 адад воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда бошад, дар ду моҳи соли равон ин шумора 318 адади дигар афзудааст. Ин тамоюл аз кормандони мо масъулияти бештар талаб мекунад. Аз ҷониби дигар, дар ин самт баъзе мушкилиҳо низ эҷод мешаванд. Масалан, соли сипаришуда дар ноҳия 50 садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа 49 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 14 нафари дигар ба ҳалокат расид.
- Бешубҳа, аксари фоҷиаҳо аз одитарин қоидавайронкунӣ оғоз меёбанд. Ҳангоми рондани мошин бо телефон гуфтугӯ кардан, сигор кашидан, бо мусофирон ҳамсуҳбат шудан, бо асабонияти зиёд, дар ҳолати мастӣ ва бе шаҳодатномаи ронандагӣ сари чанбарак нишастан, аз рӯи ҳавас ба сабқат баромадан сабаби рух додани ҳодисаҳои нохуш мегарданд, ки шояд то охири умр ислоҳнопазир бошанд. Бахусус, тавассути нақлиёт пахш кардани иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ пушаймонии беинтиҳо меорад. Беҳуда, дар баъзе аз мошинҳои бузурги боркаш нанавиштаанд: «Эй сорбон, оҳиста рон!», «Як лаҳза ғафлат- як умр ҳасрат», - изҳор медорад Саидбурҳон Асламзода.
Шуъбачаи мазкур барои дуруст ва сари вақт гузарондани муоинаи техникӣ бо ҶДММ «СП Автодиагностика» шартномаи ҳамкорӣ дошта, ҳолати коршоямии васоити техникӣ дар нуқтаҳои хизматрасонӣ санҷида мешавад. Ҳамкории ШБДА бо мақомоти прокуратура, андоз ва дигар ниҳодҳои дахлдор  хуб ба роҳ монда шудааст. Онҳо якҷо бо кормандони шуъбача 28 чорабинии муштарак гузаронда, 498 ронандаи қонуншиканро, ки бе патент ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ кору фаъолият доштанд, ошкор сохтанд. Инчунин, аз андози воситаҳои нақлиёт 2 миллиону 711 ҳазору 170 сомонӣ ҷамъоварӣ намуданд.
Ба андешаи Саидбурҳон Асламзода, маърифати ҳуқуқӣ ва ронандагии соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд баланд бардошта шавад. Онҳо андозҳои давлатиро дар вақташ супурда, автомашинаашонро дар муҳлати муқарраргардида аз муоинаи техникӣ гузаронанд. Барои ин, дар курсҳо ва омӯзишгоҳҳои махсус, ки ронанда тайёр мекунанд, ҷорӣ намудани дарси маърифати ронандагӣ ногузир аст.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2017    №: 71    Мутолиа карданд: 1209
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед