logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТҲОИ ИҚТИСОДӢ

Қочоқи бензин
Кормандони Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Душанбе  зимни амалиёти фаврӣ – ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҷ. Э. - ро ҳангоми интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд боздошт намуданд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумрук, ҳангоми санҷиш дар дохили зарфи махсуси (автосистернаи) воситаи нақлиёти таҳти идораи ӯ қарордошта маҳсулоти нафтие дарёфт гардид, ки ба ҳуҷҷати пешниҳодшуда мувофиқат намекунад. Тавре тафтиши пешакӣ маълум намуд, шаҳрвандон А. А., Ҷ. Э. – сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дигарон барои интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ – бензин аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳат карда, ба воситаи деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Деваштич ба ҳудуди давлати ҳамсоя ворид шудаанд ва аз Чингиз ном шахси номаълум ба маблағи умумии 124 ҳазору 620 сомонӣ 41 тоннаю 540 литр бензин харида, бо роҳи қочоқ ба  Тоҷикистон интиқол додаанд. Пас, тибқи маслиҳати пешакӣ, шаҳрванд Ҷ. Э. ҳуҷҷатҳои қалбакиро гирифта, бори ғайриқонуниро ҳамчун маҳсулоти ҶДММ «Газпромнефт Тоҷикистон» ба Душанбе бурданӣ шудааст. Мувофиқи мактуби расмии «Газпромнефт Тоҷикистон» ҳуҷҷатҳои  бор қалбакианд ва онҳоро мутахассиси бақайдгирии ин ширкат Н. М. ғайриқонунӣ тартиб додааст.
Озмоишгоҳи ташхиси Агентии «Тоҷикстандарт» маҳсулоти қочоқиро санҷида, маълум намуд, ки он бензини навъи «АИ-80» мебошад.
Нисбат ба шаҳрвандон А. А., Ҷ. Э. ва дигарон бо моддаи 289, қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода, ба прокуратураи шаҳри Душанбе супурда шуд. Тафтишот идома дорад.

Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ
Кормандони Раёсати мин-тақавии гумруки вилояти Суғд ҳангоми гузарондани амалиёти гумрукӣ ҳолати саркашӣ аз пардохтҳои гумрукиро ошкор сохтанд. Дар ин бора маркази матбуоти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Муайян гардид, ки аз 5 август то 27 декабри соли 2016 ва 6 январи соли равон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба суроғаи ҶДММ «Билол Суюмин семент» - и шаҳри Конибодом дар бордони 6 мошини боркаш таҷҳизоти  технологии истеҳсоли семент ворид гардида, муваққатан дар анбори корхона ҷойгир карда шудааст. Директори генералии ширкат Н. Н. бар хилофи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, дар муддати муқарраршуда оид ба бори воридотӣ декларатсияи бори гумрукӣ пешниҳод накарда, аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ саркашӣ намудааст ва бо ин амалаш ба буҷети давлат зарари калон расондааст. Аз рӯи ҳолати мазкур бо моддаи 291, қисми 1 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода, ба прокуратураи шаҳри Конибодом ирсол гардид.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2017    №: 71    Мутолиа карданд: 1082
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед