logo

маориф

Омӯзгор, ки аз имтиёз маҳрум шуд...

Дар ҳоле, ки мо бояд вобаста ба талаботи давр ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳамроҳ шавем, нарасидани омӯзгорон дар макотиби таҳсилоти умумии кишвар мушкилоти асосӣ ва монеаҳои зиёдеро эҷод мекунад. Бо дарки ин ҳама мушкилоту масоил ва ба хотири рафъу ҳалли онҳо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, 22 декабри соли 2005 бо кормандони соҳаи маориф мулоқот доир намуд. Дар он зикр шуд, ки «дар мамлакат қариб 9 ҳазор муаллим намерасад ва беш аз 8 ҳазор хатмкардагони мактабҳо бо маълумоти миёнаи умумӣ ба кори омӯзгорӣ машғул ҳастанд».
Бо чунин суръати афзоиши аҳолӣ то соли 2015 шумораи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба 2 миллиону 250 ҳазор мерасад. Ва, албатта, ин моро ҳушдор медиҳад, ки дар баробари афзудани ҷойи нишаст, дар андешаи зиёд намудани омӯзгорон бошем.
Вазорати маориф мушкили нарасидани омӯзгоронро дар ин муддат то ҷойе коҳиш дод.
Дар оғози соли таҳсили 2008-2009 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 7542 омӯзгор намерасид. Тадбирҳои андешидаи вазорат мусоидат кард, ки аз ин шумор 2829 нафар кам карда шавад. Яъне, ҳамин тавр, аз рӯи 1,5 воҳиди корӣ то 20 июни соли равон 4713 омӯзгор намерасид. Нарасидани омӯзгорон то ин сана дар вилояти Хатлон -1133, вилояти Суғд -904, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -334, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -1909 ва шаҳри Душанбе -433 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 722 муаллими забони англисӣ, 566 математика ва геометрия, 487 фанҳои забони русӣ, 420 физика ва астрономия, 352 химия намерасад. Албатта, имрӯз нарасидани ин миқдор муаллимон боиси нигаронист. Ва ҳоло сухан дар бораи сифати хуби тахассусӣ намеравад. Он мавзӯи алоҳида мебошад. Масалан, дар кишвар эҳтиёҷ ба 28 омӯзгори фанни алифбои ниёгон мавҷуд аст. Худ ҳамин рақам гувоҳ аз он медиҳад, ки кадом нафарон дар чи сатҳ ин фанро таълим медиҳанд. Яъне эҳтиёҷ ба мутахассиси омӯзгори фанни мазкур бояд бештар бошад. Охир ин миқдори кам дар ҳолест, ки дар кишвар 281 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик намерасад.
Барои рушди соҳаи маориф бисёр масъалаҳои мураккаби мавҷуда дар муддати кӯтоҳ то ҷое ҳалли худро ёфтанд. Ба ин таълифи китобҳои дарсӣ, ислоҳоти кадрӣ, компютеркунонӣ, сохтмони мактабҳо, зиёд кардани ҷойҳои нишасти хонандагон, боло бурдани маоши омӯзгорон дохил мешавад. Дар соли 2009 ба соҳаи маориф 1 миллиарду 140 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат ҷудо гардид, ки ин нисбат ба панҷ соли пеш 4 баробар ва дар муқоиса ба соли 1995 33 маротиба зиёд мебошад. Илова бар ин 6 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи 310 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Умуман, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф барои рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим тамоми саъю кӯшишро ба харҷ медиҳад. Аммо дар ҳалли масъалаи нарасидани омӯзгорон ҳанӯз дастоварди чашмрас ба даст наомада ва низ наметавон умед баст, ки дар солҳои наздик, тавре лозим аст, ин мушкил ҳал мегардад. Чаро? Чунки муносибати масъулони баъзе аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ин соҳаи афзалиятноки сиёсати давлат ҷавобгӯи талабот нест. Ва мехоҳанд, ки ҳалли масъалаҳои соҳаро танҳо худи вазорати дахлдор ба ӯҳда дошта бошад. Ҳамин аст, ки на танҳо имтиёзҳои муқарраргардидаро барои омӯзгорон фароҳам намеоранд, балки дар баъзе мавридҳо ҳуқуқи онҳоро поймол мекунанд. Оид ба ин масъала бархе аз омӯзгорон дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» борҳо навиштаанд. Чун имрӯз муроди муаллимон ҳосил намешаваду хостаҳояшон бароварда, тарки касбу соҳа карда муҳоҷири меҳнатии кишвари Русия мегарданд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, рақами 197 барои се соли аввали фаъолияти омӯзгорони ҷавоне, ки дорои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ҳастанд ва дар намудҳои гуногуни мактабҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд, имтиёзҳои зерин муайян карда шудааст:
-бе навбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ;
-дар ноҳияҳои кӯҳистон вобаста ба имкониятҳои ноҳияҳо ҷудо кардани қитъаи замин барои боғдорӣ ва полизкорӣ;
-додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯри асал.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тавре зикр гардид, то 1 сентябри соли 2008 415 омӯзгор намерасид ва то 20 июни соли 2009 аз ин шумор 84 нафар кам карда шуд. Яъне ҳоло 334 омӯзгор намерасад. Дар вилоят то ҳол ягон нафар мутахассиси ҷавони  собиқаи кории аз яксола то сесола дошта аз замини назди ҳавлигӣ ва замини полизӣ ва боғдорӣ баҳравар нагардидааст. Танҳо 35 мутахассиси ҷавон қарзи имтиёзнок гирифтаасту халос.
Дар ҷумҳурӣ 168 мутахассиси ҷавон (вилояти Хатлон -71, Суғд -21, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -76, Душанбе -0) соҳиби замини наздиҳавлигӣ, 1 омӯзгор соҳиби замини полизкорӣ ва боғдорӣ (аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) шуда, 83 омӯзгор (Хатлон -9, Суғд -27, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -12, Душанбе -0) қарзи имтиёзнок гирифтааст.
Бо чунин иҷроиши қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ метавон дар дили муҳассилини мактабҳои таҳсилоти умумӣ тухми меҳри омӯзгориро кошт?  Метавон мутахассисони ҷавонро барои фаъолияти доимӣ ба ин соҳа ҷалб кард? Дар «Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон», ки Вазорати маорифи ҷумҳурӣ онро тасдиқ ва ба табъ расонидааст, омада: «Мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ хатм кардаанд, вазифадоранд, ки тибқи таъйиноти комиссия, роҳхати вазорату идораҳои дахлдор ва қарордоди сеҷониба на камтар аз се сол кор кунанд».
Чунин муқарраротро на ҳама мутахассисони ҷавон риоя намуданд. Миқдори онҳое, ки ба ҷои кор ҳозир нашуданд, дар солҳои 2004-2009 8708 нафарро ташкил медиҳад, ки ин баробар ба 42,7 фоиз мебошад. Вазорати маорифи кишвар зарур шуморид, ки бо ёрии мақомоти дахлдор маблағҳои таҳсили онҳоро ситонад, агарчи ба ин то ҳол муваффақ нашудааст. Ба ҷуз ин агар мутахассиси ҷавон пас аз се сол тарки вазифа кунад, чӣ гуна метавон пеши роҳи ӯро гирифт?! Албатта, вақте аз имтиёзҳои худ мутахассис баҳравар нашуд, муҳаббати касб дар дили ӯ мемирад.
Бисёре аз масъулони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо сабаби набудани замини наздиҳавлигӣ ва ё замини полизӣ ва боғдорӣ қарори Ҳукумати ҷумҳуриро иҷро намекунанд. Агар ин ҳақиқат дорад, пас 11 ҳазору 650 гектар замин, аз ҷумла 6 ҳазору 900 гектар замини корами обӣ аз куҷо пайдо гардид, ки онро роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва хоҷагиҳо ғайриқонунӣ барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар тақсим карда додаанд? Омӯзгор ва мутахассиси ҷавон пас аз дидани ин ноадолатиҳо бо кадом ҳисси ифтихор, муҳаббат дилбохтаи соҳа шавад? Албатта, ӯ низ мехоҳад соҳиби чунин замин бошад, аммо маблағи заруриро барои харидории он надорад.
Пештар омӯзгорӣ касби пурифтихор буд, имтиёзҳои зиёд дошту мақому мартабаи хосеро дар ҷамъият доро. Мутаассифона, имрӯз чунин нест.
Аз як Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар як сол аз 538 мутахассиси барои соҳаи омӯзгорӣ тайёркарда 85 нафар ба ҷойи кор нарафтааст. Умуман, соли гузашта 2442 мутахассиси ҷавон, имсол 1547 нафар нахостааст, ки фаъолияти меҳнатиашро дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз кунад.
Бино ба маълумотҳои расида. дар баъзе аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар омӯзгорони куҳансол аз мутахассисони ҷавон суиистифода мекунанд. Яъне гузаштани дарсҳои худро низ ба онҳо вогузор месозанд.
Ба ҷуз ин ба мутахассиси ҷавон муносибати дуруст намекунанд, ба ӯ роҳ нишон намедиҳанд, ёрии амалӣ, методӣ намерасонанд. Бар замми ин, хӯрдагириҳои баҷову беҷо ба фаъолияти мутахассиси ҷавон аз ҷониби омӯзгорони таҷрибадошта боиси дилсардии онҳо аз соҳа мегардад.
Бояд дар мактабҳо омӯзгорони таҷрибадору варзида мутахассисони ҷавонро бо усулҳои пешрафтаи таълим, ки худ аз онҳо истифода бурдаанду муваффақ гардидаанд, ошно созанд ва то ду-се сол ба онҳо равиши кор омӯзанд. Барои ин зарур аст, ки ба устодон илова ба маошашон маблағи муайян ҷудо шавад. Ва онҳо аз ин фаъолияти худ бо гузаштани дарси кушоди мутахассиси ҷавон дар назди комиссия ҳисобот диҳанд.
Аслан ба соҳаи омӯзгорӣ бояд шахсони тасодуфӣ рӯ наоранд. Ин соҳа муҳаббати хосаву худфидоиро тақозо дорад. Ва чунин шахсонро мебояд педагогон, омӯзгорони варзида аз даврони  мактабӣ интихобу тарбия ва ба донишгоҳҳои омӯзгорӣ барои таҳсил ҳидоят намоянд.
Чунин ба назар мерасад, ки ин ҳама масъулият, яъне тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ, фароҳам овардани шароити хуб барои фаъолият, ҳавасманд гардонидани омӯзгорон ба хотири зиёд нагардидани шумори ҷойҳои холии муаллимон дар макотиби таҳсилоти умумии кишвар танҳо вазифаи Вазорати маориф аст. Агар чунин фаҳмишу муносибат бошаду он боз идома биёбад, маҳол аст, ки ин масъалаи доғи рӯз ҳалли дурусти худро биёбад.
Президенти мамлакат ҳанӯз чор сол пеш бо дарки масъулият ва шинохти вазъият таъкид дошта буданд: «… беэътибории баъзе раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва ғамхорӣ ба онҳо ҷой дорад. Дар кишвар захираи кадрҳо вуҷуд дорад. Танҳо онҳоро шинохтан, тарбия намудан, дастгирӣ кардан ва рӯи кор овардан лозим аст».
Бисёр хуб мебуд, ки раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳалли масъалаҳои мазкури соҳаи маориф низ ҳисобот диҳанд. Инчунин, барои пурра таъмин кардани макотиби таҳсилоти умумии қаламравашон масъул бошанд. Дар ин сурат робитаҳои онҳо бо омӯзгорон, Вазорати маориф, коллеҷу донишгоҳҳои омӯзгорӣ беҳтар мегардад ва барои ҳалли масъалаи доғи рӯз имкон фароҳам меояд. 

Абдулқодири РАҲИМ,
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5844
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед