маориф
ТАЛАБОТ БА МАКТАБҲОИ НАВ БА МИЁН ОМАДААСТ
Вокуниш ба мақолаи «Мактаб. Агар масъулин масъулият медоштанд» («Ҷумҳурият», 1 феврали соли 2017)
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар аз дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати рушду нумӯи маориф, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва меҳварии сиёсати имрӯза ба шумор меравад, изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Бемуболиға, метавон гуфт, ки баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи маориф зиёд гардида, шумораи сохтмони муассисаҳои таълимӣ ба тадриҷ афзуда, заминаи моддию техникӣ устувор гардиданд, ки ин раванд дар ноҳияи мо низ амалӣ шуда истодааст.
Бо вуҷуди муваффақиятҳои бадастомада дар самти устувор намудани пояи моддию техникӣ, сохтмону барқарорсозӣ, тайёр намудани мутахассисони ботаҷриба аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон камбудиҳо ҷой дошта, барои ислоҳи онҳо тадбирҳо андешида истодаем.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо афзудани шумораи аҳолӣ, талабот ба синфхонаҳои иловагию мактабҳои нав ба миён омадааст. Қисми зиёди мактабҳои ноҳия тайи солҳои 1936 – 1970 - и қарни гузашта сохта шуда, ниёз ба таъмиру тармими пурра доранд.
Сохтмони мактаб дар деҳаи «СМП – 540» бо 240 ҷойи нишаст дар як баст дар «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021» ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳолати ба истифода додани мактаб дар ин деҳа хонандагони деҳаҳои Ниҳолпарварӣ, Озодии меҳнат ба таҳсил дар он фаро гирифта мешаванд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар дар оянда низ барои сохта ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ, ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода хоҳад намуд.
Ҷаббори ҒАФФОР, раиси ноҳияи Бохтар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.2017 №: 73 Мутолиа карданд: 1478