номаҳо
АЗ ХУЛОСАИ ҲАКАМОН РОЗӢ НЕСТАМ
Дар озмуни «Неруи сухан», ки дар вилояти Хатлон сурат гирифт, иштирокчии бевосита будам. Номинатсияи аввали он беҳтарин рӯзномаи (шаҳрӣ) ноҳиявӣ буд. Ва ҳакамон рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа» - ро ғолиб донистанд. Чаро маҳз ин рӯзнома? Барои дарёфти посух ба ин савол ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон роҳ пеш гирифтам.
Беш аз 40 шумораи онро варақгардон намудам, аммо ягон маводи ҷолиби диққату ибратомӯзе барои хеш дарёфт накардам, ки омӯзанда бошад. Дар саҳифаҳои он танҳо мақолаҳои калонҳаҷм, маърӯзаю сухангӯиҳои 3 - 4 саҳифагӣ дарҷ ёфтаанд. Дар 2 то 3 саҳифаи ин рӯзнома рӯйхати қарздорони андозу барқ, хизмати коммуналӣ чоп мешаваду идома дорад. Ин ба хонанда чӣ медиҳад? Беҳтар он нест, ки бо ин қарздорон аз наздик суҳбат бикунему муҳтавои онро пешкаши хонандагон гардонем?
Дар шумораи 24 июни соли 2016 рӯзнома боз рӯйхати қарздоронро оид ба андозу барқ, хизматрасонии коммуналӣ, он ташкилотҳое, ки бо ин идора то ҳол шартнома надоранд, нашр намудааст. Боз дар ҳамин шумора маводи С. Аттор зери унвони «Корхонаи беҳтарин» - и шаҳр мақолае бо номи «Ба кордон кор осон» тавсифномае дар бораи идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ нашр гардидааст. Аҷоиботаш он аст, ки он чӣ хел корхонаи беҳтарини шаҳри Қӯрғонтеппа будааст, ки ин қадар қарздоронаш зиёданд ва беш аз 30 идораю ташкилоти дигар бо он шартнома набастаанд?
Дар шумораи № 28, аз 15.07.2016, дар як саҳифа се мавод бо сарлавҳаҳои гуногун чоп шудаанд. Вале муҳтавои ҳамаи онҳо як аст: таби хунин. Инро чашмбандии хонанда мегӯянд. Шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳри саноатӣ аст ва холисона бояд гуфт, ки тайи чанд соли охир вусъати корҳои ободонӣ дар он воқеан чашмрасанд. Вале «Набзи Қӯрғонтеппа» маводҳои таҳлилию проблемавиро оид ба фаъолияти рӯзмарра дар шаҳр, махсусан дар соҳаҳои тандурустӣ ва маорифу фарҳанг сарфи назар кардааст. Мақолаҳо оид ба ифротгароӣ, гурӯҳбозию мазҳабпарастии диндорон, шомилшавии ҷавонон ба ин гуна ҳаракатҳою ҳизбҳо кам ба чашм мерасанд.
Акнун аз ҳакамон пурсиданиам, ки бо кадом ҷилою навоварии бахши журналистика, муҳтавои ҷолибу шавқовари мақолаҳо, бозёфтҳои эҷодӣ «Набзи Қӯрғонтеппа» - ро ба унвони беҳтарин рӯзномаи вилояти Хатлон дар соли 2016 муносиб донистанд?
Нурулло ҲАСАНОВ, ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.2017 №: 73 Мутолиа карданд: 1982