маориф
НУСХАҲОИ ҲАТМӢ СУПУРДА НАМЕШАВАНД. ЧАРО?
Китобу моҳнома, рӯзномаву ҳафтанома, дастуру барнома, дастхату номаҳо хазинаи бузурги маънавии инсоният буда, ҳифз, нигаҳдорӣ, омӯзишу пажӯҳиш ва интиқоли он ба насли оянда зери назорати қатъии Ҳукумат қарор дорад. Бо вуҷуди ин, саҳлангории баъзе ташкилоту идораҳо ва нафарони алоҳида сабаб мешавад, ки аксари маводи номбаршуда бо шумораи кам ва як бор нашр гашта, нусхаҳои ҳатмии онҳо ба Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ палатаи давлатии китоб) супурда намешавад.
Дар робита ба ин масъала Қурбоналӣ Бӯриев, директори агентии мазкур маълумот дода, чунин гуфт: “Вобаста ба муҳлат ва тартиби фиристондани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмӣ” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” ба тасвиб расида, мавриди амал қарор доранд. Санадҳои меъёриву ҳуқуқии мавриди назар тартиби ташаккули нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳоро муайян сохта, муҳлат ва тартиби дастрас гардондани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳоро ба танзим медароранд. Мутобиқи талаботи қонуни мазкур тамоми чопхона ва ташкилотҳои полиграфии ҷумҳуриро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идорӣ, уҳдадор менамояд, ки ба таври ройгон 3 нусхаи ҳатмии маҳсулоти чопнамудаашонро дар муҳлати 10 рӯз пас аз интишор ва рӯзномаву маҷаллаҳоро дар рӯзи барориши шумора ба Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон ва дигар гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо дастрас кунанд. Онҳо вазифадоранд, ки хароҷоти таҳия, нашр ва ирсоли нусхаҳои ҳатмии ройгонро ба арзиши аслии маҳсулоти чопӣ илова намоянд”.
Хонаи китоби Тоҷикистон бо фароҳамоварӣ, бақайдгирии библиографӣ, таҳияи омор ва ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ маҳдуд нагашта, китобу рисолаҳои илмии тозанашр ва мақолоти ҷолиби нашрияҳои давриро тавассути феҳристи давлатӣ – «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сомонаҳои интернетии муассиса www.tajikbooks.tj ва www.isbn.tj таблиғ ва муаррифӣ мекунад. Сари вақт пешниҳод кардани нусхаҳои ҳатмӣ ба мукаммалсозӣ ва ғанӣ гардондани фонди бойгонии матбуоти Тоҷикистон ва муаррифии маҳсулоти чопии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи Қурбоналӣ Бӯриев масъулони хонаи китоби Тоҷикистон борҳо ба вазорату идораҳои дахлдор хаттиву шифоҳӣ муроҷиат карда бошанд ҳам, ҳанӯз дар ин росто чораҳои мушаххас андешида нашудааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.2017 №: 73 Мутолиа карданд: 1599