logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Айналишо Айналишоев, муовини сардори раёсати адлияи ВМКБ, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Понздаҳ сол аст, ки дар манзили истиқоматии ба шавҳарам тааллуқдошта зиндагӣ мекунам. Ин хонаро ба ӯ дар асоси шартномаи ҳадя, ки пеш аз бастани ақди никоҳамон ба расмият дароварда шудааст, додаанд. Дар ин давра ману шавҳарам хонаро аз ҳисоби маблағҳои якҷояамон  чанд маротиба таъмир намуда, бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардондем. Ҳоло муносибатҳои ҳамсариамон барҳам хӯрда, оилаамон пароканда гаштааст. Оё баъди бекор гардидани ақди никоҳ ман ҳуқуқи талаб кардани ҳиссаи худро дорам?
М.  УБАЙДУЛЛОЕВА, шаҳри Гулистон

- Молу мулке, ки то бастани ақди никоҳ ба ҳамсарон тааллуқ дошт, моликияти ҳар кадоми онҳо дониста мешавад. Зеро, моддаи 36 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла пешбинӣ намудааст: молу мулке, ки  ба зану шавҳар тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки дар давраи заношӯӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадя  ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо маҳсуб меёбад.
Дар сурате ки манзили истиқоматии  то ақди никоҳ ба шавҳаратон тааллуқдошта аз ҳисоби маблағҳои якҷояатон якчанд маротиба таъмир ва муҷаҳҳаз гардида, дар натиҷа арзиши он аз пештарааш афзунтар шуда бошад, пас шумо ҳуқуқ доред, дар хусуси амволи муштарак донистани манзили истиқоматии мазкур ба суди маҳали ҷойгиршавии он бо аризаи даъво муроҷиат намоед. Зеро моддаи 37 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ки молу мулки ба  ҳар як  ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, агар муқаррар гардад, ки дар давоми заношӯӣ  аз ҳисоби  молу мулки умумии зану шавҳар ё молу мулки  шахсии зан ё шавҳар ва ё меҳнати ӯ саҳме гузошта шудааст, (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавҷиҳозонӣ ва ғайра), ки дар натиҷаи он  арзиши  молу мулки ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст.
* * *
- Кадом намудҳои  фаъолият ба ҳисоби  собиқаи  корӣ дохил  мешаванд?
Б. НЕКРӮЗ, сокини ноҳияи Дарвоз

- Ба собиқаи корӣ фаъолияте дохил мешавад, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар корхонаю муассисаҳо, ташкилоту кооперативҳо,  сарфи назар аз истифодаи шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ, иҷро мегардад. Мутобиқи моддаи 63 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  таъмини нафақаи  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба собиқаи  корӣ, аз ҷумла  корҳои зерин дохил мешаванд:
Ҳар коре, ки зимни иҷрои он корманд мавриди суғуртаи иҷтимоии  давлатӣ қарор гирифтааст; таҳсил дар  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус, курсҳои омӯзиши кадрҳо, такмили ихтисос ва тағйири касб, аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ; корношоямии муваққатӣ, ки дар давраи кор ба амал омадааст; вақти нигоҳубини  маъюби гурӯҳи 1 ё  бачаи маъюби то 16 - сола, инчунин  нигоҳубини пиронсоли ба синни 80 расида; вақти нигоҳубини кӯдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то вақти ба синни 3 - солагӣ расидани ҳар як кӯдак, ҷамъ ба муддати умумии  шаш сол.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2017    №: 75    Мутолиа карданд: 1068
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед