logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОНУМ ПРАТИБҲА МЕҲТА

11 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз солгарди 25 - уми узвияти кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки нақши ниҳодҳои созмон, аз ҷумла барномаи рушди он, дар раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дорад.
Зимни мулоқот хонум Пратибҳа Меҳта ба ҳамаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра баҳои баланд дода, мавқеи устувор ва нақши пешсафию пешоҳангии Сарвари давлати Тоҷикистонро дар татбиқи барномаи Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид махсус зикр кард.
Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон 23 бунёд, барнома ва муассисаҳои махсуси созмон амал мекунанд ва меҳвари фаъолияти онҳоро татбиқи лоиҳаву барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии ба таъмини рушди дарозмуддату устувори кишвари мо нигарондашуда, ташкил медиҳад.
Дар доираи ҳамкории судманд тариқи Барномаи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастгирии рушд - ЮНДАФ ба Тоҷикистон барои панҷ соли оянда 363 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Ҷонибҳо изҳори бовар карданд, ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар самти татбиқи Стратегияи миёнамуҳлату дарозмуддати рушди миллии Тоҷикистон барои давраҳои то солҳои 2020 ва 2030, инчунин, дар самти амалигардонии ҳадафу вазифаҳои иқдомҳои глобалии марбут ба оби Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор” барои давраи солҳои 2018 – 2028 - ро дастгирӣ хоҳад намуд. Татбиқи ин барномаҳо беҳдошти шароити зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист, таъмини дастрасии васеи ҳамагон ба неруи барқ ва пешгирии паёмадҳои офатҳои табиии вобаста ба обро дар бар мегирад.
Дар робита ба вазъи ногувори обхезӣ, селу ярч ва тармафароӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар, ки ба талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моливу моддӣ боис мегардад, пешниҳод шуд, ки нисбат ба пешгирии офатҳои табиат сиёсати таҳкими иқтидори миллӣ таҳия ва татбиқ карда шавад.      
Зимни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва дастрасии умум ба неруи барқ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар бахши маориф, барои татбиқи ислоҳоти соҳа, сохтмону ба истифода додани муассисаҳои иловагии таълимӣ ва баҳри таъмини аҳолӣ бо сатҳи баланди хизматрасониҳои таълимӣ мусоидати Барномаи рушди СММ зарур дониста шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2017    №: 75    Мутолиа карданд: 1636
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед