logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Ба марги духтарчаи 2 - сола кӣ гунаҳгор?
Духтури навбатдори шуъбаи қабули яке аз беморхонаҳои кӯдаконаи вилояти Суғд ба гумони иҷро накардани вазифаҳои базиммадоштааш дастгир шуд.

Гумонбаршуда 12 - уми марти соли 2017 ҳангоми навбатдориаш, духтарчаи 2 - солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул намуда, дар вақти муоинаи тиббӣ муайян кард, ки ӯ гирифтори бемории илтиҳоби шадиди шушҳо ва варами майнаи сар аст. Вале, бар хилофи тартиби муайянгардидаи соҳавӣ, барои бистарӣ намудани кӯдаки хурдсол чора наандешид. Дар натиҷа, духтарча, бинобар сари вақт табобат нагирифтан, 14 - уми март вафот кард.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дуздон ба даст афтоданд
Кормандони милитсия зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ду нафар сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт карданд.

Муайян карда шуд, ки онҳо 3 - юми апрели соли 2017, пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии сокини Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ шуда, аз дохили ҷевон 1200 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 3700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳамчунин, гумонбаршудаҳо бо ҳамин роҳ шаби 3 - юм ба 4 - уми апрел, аз хонаи истиқоматии сокини ҳамин ноҳия 1500 сомонӣ, ду адад телефони мобилӣ, либосҳои гуногун, ҷамъ ба маблағи  4500 сомониро дуздиданд.
Ба ҳамин монанд, ба мақомоти милитсия марди 23 - солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2016  шахси номаълум вориди хонааш шуда, 16 ҳазор сомониашро дуздидааст. Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ гумонбари ҷинояти дуздӣ марди 41 - солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод дастгир шуд.
Аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 981
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед