logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ. ПУРЗӮР КАРДАНИ МУҚОВИМАТ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Торафт шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, дар минтақаҳои гуногуни олам доман паҳн кардани таҳдиду хатарҳои нав, назири терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти хатарнок моро водор месозанд, ки дар ин самт муборизаро пурзӯртар намуда, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва устувории пояҳои давлатдориамонро ҳифз намоем.
Шоҳин Талбакзода, прокурори Раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералӣ, ин матлабро дар ҳамоише, ки ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мушкилоти амнияти Осиёи Марказӣ: омилҳои минтақавӣ ва таҳдидҳои нав» баргузор гашт, ироа намуд. Ба гуфтаи ӯ, Прокуратураи генералӣ ҷиҳати муқовимат бо экстремизм, терроризм, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар зуҳуроти ба ҷомеа хавфнок дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ, бавижа субъектҳои бо даҳшатафканию ифротгароӣ муборизабаранда мунтазам санҷиш гузаронда, баъд аз таҳлил ва ҷамъбаст чораҳои амалӣ меандешад. Дар ин раванд, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва нақшаи амалҳои дахлдор таҳия гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 12 ноябри соли 2016, таҳти № 776 тасдиқ шудааст. Стратегия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавии миллӣ  баҳри тақвияти муқовимат бо экстремизм ва терроризм заминаи ҳуқуқӣ гузошта, дар доираи он аксари масоил, бо назардошти вазъи муқовимат бо ин зуҳурот дар кишвар ва таҷрибаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои узви ИДМ, пешбинӣ гардидааст.
Ба назари Шоҳин Талбакзода, хушунати экстремизм ва терроризм сол ба сол вусъат ёфта, барои инсоният, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, амнияти миллӣ ва зиндагии осудаи мардум хатари ҷиддӣ эҷод кардааст. Тоҷикистон, ки аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсии худ дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва низомҳои оштинопазири сиёсию идеологӣ қарор дорад, аз оқибатҳои номатлуби муқовиматҳои ошкору ниҳонии терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ дар канор буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, ба вуҷуд овардани фазои оштинопазири аҳли ҷомеа нисбат ба ин хатарҳо ва афзун намудани фаъолияти мақомоту сохторҳои муваззаф дар самти пешгирии заминаҳои ба терроризму ифротгароии динӣ мусоидаткунанда мувофиқи мақсад дониста мешавад. Мавсуф иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо терроризм ва экстремизм, дар доираи санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ, муборизаи беамон мебарад. Дар ин раванд, бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29 сентябри соли 2015, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ - экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон гардидааст. Номи собиқ раиси ҳизби мамнуъшуда Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар рӯйхати шахсони дар кофтуков қарордоштаи Созмони байналмилалии политсияи ҷиноятии «Интерпол» бо бурҷи сурх ҷой дода шудааст. Вале онҳо ҳанӯз ҳам дар зери қаноти хоҷагони хориҷии худ ҷой гирифта, дар баъзе кишварҳо озодона гаштугузор доранд.
Таъкид гардид, ки вақтҳои охир, баъди фаъол гардидани амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон, Сурия, Ироқ ва дигар мамлакатҳо тамоюли баргаштани теъдоди муайяни ҷангиён ба кишварҳои сукунат мушоҳида мешавад. Дар ин росто, ҷиҳати таъмини амнияти ҷамъиятӣ, роҳ наёфтани шахсони тахрибкор ва даҳшатафкан ба қаламрави ҷумҳурӣ тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дигар масирҳо андешидани тадбирҳои зарурии пешгирикунанда, аз ҷумла санҷиши дақиқи шахсияти онҳо ба мақсад мувофиқ аст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 1139
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед