logo

ҳуқуқ

НУРОБОД. ҚОНУНШИКАНИҲО ПЕШГИРӢ МЕШАВАНД

Дар давоми се моҳи соли равон оид ба риоя нагардидани талаботи моддаи 474 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳашт парванда  мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба фоидаи буҷети давлат 7440 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Давлат Қувватов, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Нуробод, бо зикри ин матлаб иброз дошт, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия як қатор чорабиниҳо бо иштироки  намояндагони шуъбаи корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои дахлдор гузаронда шуданд. Дар натиҷа чор протоколи ҳуқуқвайронкунӣ оид ба риоя нагардидани талаботи қонун тартиб дода шуда,  як парванда ба суд ирсол ва се парвандаи дигар  мавриди баррасӣ қарор дорад.
 Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби сархатиби ноҳия дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъ оид ба риояи қонуни танзим, пешгирии гароиши наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро ва  дигар равияҳои дар Тоҷикистон мамнуъ эълоншуда чандин суҳбату вохӯриҳои судманд доир гардиданд. Дар ин давра бо иштироки падару модарон, роҳбарони корхонаю муассисаҳо оид ба никоҳи хешутаборӣ ва паёмадҳои манфии он корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ роҳандозӣ гардиданд. Инчунин, баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ба тарбиятгирандагони мактаб - интернати ҷумҳуриявии ноҳия, ятимон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ба маблағи 10225 сомонӣ кумаки моддӣ расонда шуд. Дар филиали ҶСК «Агроинвестбонк» барои 17 нафар ятими кулл суратҳисоб кушода шудааст, ки то ҳол ба ҳар яки он 1973,1 сомонигӣ рост меояд. Ҳамзамон, аз ҷониби ду соҳибкори маҳаллӣ ба кӯдакони оилаҳои камбизоат ва бепарастор ба маблағи 5900 сомонӣ ва ба 35 нафар аз оилаҳои ниёзманд  ёрии моддии яквақтаина  расонда шуд. 
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар ҳамдастӣ бо фаъолони ноҳия барои роҳ надодан ба қонуншиканиҳо, риояи ҳатмии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта маҷмӯи чорабиниҳои таҳияшударо дар амал татбиқ намуда истодааст, - иброз дошт Давлат Қувватов.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2017    №: 77    Мутолиа карданд: 1074
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед