logo

ҳуқуқ

ДУ РОҲБАРИ НАШЪАҶАЛЛОБ РАВОНАИ ЗИНДОН ШУД

Мақомоти судии кишвар ахиран шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Бобоев ва шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зиракро бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ба миқдори махсусан калон, равонаи зиндон карданд.
Ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гардида, роҳбарони гурӯҳ - Нуралӣ Бобоев ва Муҳаммад Зирак бо 203 килограмму  622 грамм воситаи нашъаовари навъи ҳашиш дастгир шуданд. Дар асоси маълумоти мавҷуда, Нуралӣ Бобоев, бо тахаллуси «Нури - Қарағоч» вазифаи  роҳбари тоҷикистонии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро ба зимма дошта, солҳои зиёд ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ба миқдори махсусан калон машғул шудааст. Номбурда соли 2005 ҳамроҳи писари амакаш бо 191 килограмм маводи мухаддир, ки 101 килограммашро героин ва боқимондаашро афюн ташкил медод, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд. Вале  ин ба ӯ сабақ нашуд ва пас аз адои ҷазо фаъолияти ҷиноятии худро давом дод. 
Дар вақти гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ  муайян шуд, ки ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва минбаъд ба Федератсияи Русия интиқол медодааст. Ҳамзамон, тафтишот собит сохт, ки Муҳаммад Зирак  роҳбарии умумии гурӯҳи муташаккилро ба зимма дошта, охирҳои моҳи ноябри соли гузашта  интиқоли маводи мухаддири аз ҷониби кормандони агентӣ мусодирашударо аз Афғонистон ба Тоҷикистон шахсан назорат кардааст. Баъд аз ин, ӯ аз Афғонистон ба Тоҷикистон омада, воситаҳои нашъаоварро қабул намудааст. Мавсуф, аз рӯи маслиҳати пешакӣ, барои дар ҷойи бехавф нигоҳ доштани маводи мухаддир онро бояд ба Нуралӣ Бобоев медод.
Роҳбари тоҷикистонии  гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва минбаъд интиқол додани 203 килограмму  622 грамм воситаи нашъаовар ба  хориҷи кишвар, автомашинаеро ба ихтиёри Муҳаммад Зирак гузошта, талаб кардааст, ки маводро ҳар чи зудтар ба ӯ дастрас намояд. 13 декабри соли 2016 ҳангоми ба Нуралӣ Бобоев додани воситаҳои нашъаовар ҳар ду дар ҷойи ҳодиса дастгир ва нисбаташон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.
Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ  7 феврали соли равон анҷом ёфта, қочоқчиён бо моддаҳои 200 қисми 4 бандҳои «г, д» (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, ба миқдори махсусан калон) ва 289 қисми 4 (қочоқи воситаҳои нашъаовар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуданд. Фикри айбдоркунӣ бо парвандаи ҷиноятӣ, 13 феврали соли 2017 аз ҷониби Прокуратураи генералӣ тасдиқ  шуда, барои моҳиятан дида баромадан ба мақомоти судӣ ирсол гардидааст.
Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, 10 марти соли равон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Бобоев ва шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зиракро бо моддаҳои дар боло зикргардидаи кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста, аввалиро ба муҳлати 20 сол ва дувумиро  ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Инчунин, бо ҳукми суд ду автомашинаи гаронарзиши тамғаҳои «БМВ» ва «ОПЕЛ», 6000 доллари амрикоӣ, ҷамъ ба маблағи 385  ҳазор сомонӣ мусодира шуд.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақсади дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани саркарда ва аъзои боқимондаи ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки ҳоло дар қаламрави ҳамсоякишвар фаъолият менамоянд, мактуб ирсол намуд.
Додоҷон РӮЗИЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2017    №: 77    Мутолиа карданд: 1166
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед