logo

ҳуқуқ

ТАҲЛИЛҲО ШАҲОДАТ МЕДИҲАНД...

Ҳимояи ҳуқуқ, таъмини бехатарии саломатии истеъмолкунандагону назорати  сифати маҳсулоти фурӯхташавандаро Конститутсия ва қонунҳои кишвар кафолат медиҳанд. Барои барқарорнамоии адолат байни фурӯшанда ва харидор сохторҳои алоҳида кадом корҳои мушаххасро анҷом медиҳанд?
Ҷиҳати равшантар намудани ин масъала хабарнигори рӯзнома ба кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кард. Насим Бозоров, сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ:
- Ҷиҳати таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» амал менамояд. Мутаассифона, истеъмолкунандагон аз он ҳуқуқҳое, ки дар ин қонун дарҷ гардидаанд, ба пуррагӣ огоҳ нестанд. Бо назардошти ҳолатҳои воқеӣ гуфтан мумкин аст, истеъмолкунандае, ки маърифати ҳуқуқии матлуботӣ дорад, истеҳсолкунандаро водор месозад, ки мавриди фурӯши мол (кору хизматрасонӣ) бовиҷдонона рафтор намояд. Вобаста ба вайрон гардидани ҳуқуқҳои истеъмолӣ аз ҷониби истеъмолкунандагон ҳангоми хариди мол (кор, хизматрасонӣ) ба хадамот муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳӣ ба таври доимӣ ворид мешаванд. Муҳтавои арзу муроҷиатҳо асосан иҷро накардани уҳдадориҳо ҳангоми хизматрасониҳои сайёҳӣ, коммуналӣ, арзиши ҳаққи иҷорапулии хобгоҳ, паст будани сатҳи хизматрасонӣ дар бахши хӯроки умум, фурӯши чаканаи мол, гузаштани муҳлати истеъмолии мол, ба иштибоҳ овардани истеъмолкунандагон оид ба эълон доштани аксия ва тахфифҳо, муайян намудани нархи чиптаҳо дар ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, баланд рафтани нархи доруворӣ, хизматрасонии ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва нақлиёти мусофиркаш иборат мебошанд.
Мутаассифона, таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар бозори истеъмолӣ талаботи қарорҳои дахлдори соҳавӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор – фурӯшанда, иҷрокунандаи кор ва хизматрасониҳо ба таври лозимӣ риоя намешавад. Аз ҷумла, ҳангоми  хизматрасониҳои коммуналӣ, мусофирбарӣ, хӯроки умумӣ, маишӣ, тибби пулакӣ, инчунин, ба истеъмолкунандагон пешниҳод нагардидани маълумот дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ) оид ба сертификати мутобиқат, нишони мол, патент, хусусиятҳои истеъмолӣ, нарх, муҳлати кафолат, қоидаву шартҳои истифодаи самаранок ва бехатари мол (кор, хизматрасонӣ), ҳуҷҷатҳои техникии мол ба забони давлатӣ ба мушоҳида намерасанд. Тибқи талаботи қонунгузории соҳа, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаб намояд ва истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) уҳдадор аст сари вақт ба истеъмолкунанда дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ) маълумоти зарурию боэътимод пешниҳод намояд ва имкони интихоби дурусти онро таъмин созад.
Ғуломҷон Юнусов, мутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ:
- Барои боз ҳам бештар  огаҳӣ пайдо кардани истеъмолгарон аз ҳуқуқу манфиатҳои худ дар мавриди хариди мол, кор ва хизматрасонӣ ва бо ин роҳ ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохторҳои дахлдор ташкил карда шуданд. 
Айни замон, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маркази машваратӣ фаъолият мебарад.
Дар бораи ҳуқуқҳои худ ҷиҳати иваз намудани маҳсулоти ғайриозуқаворӣ ҳар нафар бояд огаҳӣ дошта бошад. Мол дар ҳолате иваз карда мешавад, ки нуқсон дошта бошад, рангаш ба харидор писанд наояд, андозааш калон ё хурд бошад. Гуфтан ба маврид аст, ки мутобиқи қарори Ҳукумати мамлакат молҳои харидашудаи аз нигоҳи техникӣ мураккаб ҳангоми ошкор шудани камбудиҳои назаррас бо талаби истеъмолкунанда иваз карда мешаванд. Инчунин, номгӯйи зиёди молҳое мавҷуданд, ки баъди харидан баргардонда ва иваз карда намешаванд. Бо номгӯйи ин молу маҳсулот харидорон метавонанд аз сомонаи хадамот (ams.tj), шинос шаванд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2017    №: 77    Мутолиа карданд: 1194
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед