ҳуқуқ
БОЗДОШТ. ДАР БОРАИ 27 ШАҲРВАНДЕ, КИ ДАР КОФТУКОВ ҚАРОР ДОШТАНД
Дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ понздаҳ амалиёт гузаронда шуд. Бо қочоқчиёни маводи мухаддир даҳ маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифта, ҳашт қочоқчии афғон безарар ва панҷ нафар дастгир гардид. Дар рафти чорабиниҳои оперативӣ ҳашт шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғайриқонунӣ ба қочоқи маводи мухаддир даст дошт, боздошт шуд.
Дар ин бора Иззатулло Файзуллозода, муовини аввали фармондеҳ - сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти хизматӣ - ҷангии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар семоҳаи аввали соли 2017 ва вазифаҳои хизматӣ дар нимсолаи дувуми соли равон иттилоъ дод. Иштирокдорони ҷаласа - фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал - лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардорони раёсатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ - ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадиро дар самти муҳофизати сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар ва фаъолияти нуқтаҳои назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ таҳлил ва натиҷагирӣ карданд.
Аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба “Ҷумҳурият” хабар дод, ки дар семоҳаи аввал 32 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 17 далели халалдорсозии низоми сарҳадӣ сабт гашта, 199 нафар боздошт гардидааст. Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ якҷо бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти қудратӣ аз қочоқчиён зиёда аз 340 килограмм маводи нашъаовар, нуҳ адад яроқи оташфишон ва 121 адад лавозимоти ҷангӣ мусодира намудаанд. Тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ 754972 шаҳрванд, беш аз 31 ҳазор воситаи нақлиёт гузашта, 85 вайронкунандаи низом дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва 27 шаҳрванди дар кофтуков қарордошта дастгир гардид. Аз қонуншиканон дар ҳаҷми 64300 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима ситонда шуд.
Ба иттилои манбаъ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои тарҳрезишуда, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими сарҳади давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.04.2017 №: 78 Мутолиа карданд: 1136