ҳуқуқ
РАШТ. МУҶОЗОТ БАРОИ ДУ ҶИНОЯТ
Суди ноҳияи Рашт Абдуғанӣ Акобировро дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 164 ва 170 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам кард.
Бино ба иттилои Хуршед Розиқзода, раиси суди ноҳияи Рашт, судшаванда Абдуғанӣ Акобиров соли 1999 бо шаҳрванд Мавҷигул Қувватова хонадор шуда, соҳиби ҳашт фарзанд гардид. Мавсуф бар хилофи қисми 2 моддаи 33 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи он бисёрникоҳӣ манъ аст, амал намуда, соли 2001 бо Наврӯзова Ҳанифа бе қайди давлатӣ хонадор мешавад ва аз зиндагии якҷоя соҳиби 5 фарзанди дигар гардида, то ҳол бо ду зан зиндагӣ дорад.
Ғайр аз ин, А. Акобиров хилофи талаботи моддаи 41 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи он таълимоти умумии асосӣ ҳатмист, амал намуда, барои ба таълимоти умумии асосӣ фаро гирифтани фарзандонаш Олимаи Абдуғанӣ, соли таваллудаш 2001, Заифаи Абдуғанӣ, соли таваллудаш 2003, Ҳабибапочоҳи Абудуғанӣ, соли таваллудаш 2005 ва Акобирова Зайнаб Абдуғаниева, соли таваллудаш 2007, ки онҳо мутаносибан бояд дар синфҳои 9, 7, 5 ва 4 таҳсил мекарданд, монеъ шуда, ҳуқуқҳои конститутсионии онҳоро ба таҳсил маҳдуд намудааст.
Акобиров Абдуғанӣ дар дархосташ зикр кардааст, ки ӯ худашро дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 164 ва 170 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳкор мешуморад.
Бо ҳукми суд ба Акобиров Абдуғанӣ бо моддаи 164 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 50000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат, инчунин бо моддаи 170 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 1 солу 4 моҳ дар ҷойҳое, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, бо нигоҳ доштани 20 фоизи музди меҳнат ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.04.2017 №: 78 Мутолиа карданд: 1244