logo

ҳуқуқ

МАНЪИ РИШУ ҲИҶОБ ДАР ЧИН

Дар вилояти Шинҷон - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 1 апрели соли равон ба мардон гузоштани риши дарози ғайрисуннатӣ ва ба занҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯяшонро маҳкам мекунад, манъ шудааст.

Дар ин росто, парлумони вилояти Шинҷон - Уйғур 29 март қонунеро қабул кард, ки барои мусулмонони сокини ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон як силсила маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунад. Дар қонун, ки аз 1 апрел мавриди амал қарор гирифт,  як қатор аломатҳое номбар шудаанд, ки ба ақидаи мақомоти Чин, пайрави равияҳои тундрави мазҳабӣ будани касро собит месозанд.
Ҳамин тавр,  ба мақомот дастур дода шудааст, то “Занонеро, ки либосашон рӯи онҳоро мепӯшонад ба фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳану автобус роҳ надиҳанд ва дар бораи чунин афрод пулисро огоҳ созанд.” Дар асоси ин қонун, ҳамчунин, мусулмонони сокини Шинҷон бояд ба хотири наздик кардани худ ба ҳаёти дунявӣ радио ва телевизионҳои давлатиро гӯш ва тамошо кунанд ва дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд. Мувофиқи қонуни мавриди амал қароргирифта, издивоҷ бо никоҳи мусулмонӣ ба ҷои никоҳи расмии қонунӣ дар ҳудуди вилоят ва ба фарзандон гузоштани номҳое, ки ба мазҳаб ташвиқ мекунанд, манъ шудааст. Волидон минбаъд барои бо далелҳои мазҳабӣ ба мактаб намондани фарзандонашон тибқи қонун муҷозот хоҳанд шуд. Онҳо бар асоси ин қонун муваззаф  мешаванд, то ба фарзандони худ омӯзиши илмҳои дунявиро ташвиқ карда, онҳоро ба ваҳдати миллӣ ва мубориза алайҳи ифротгароӣ даъват кунанд.
Қонун барои ҷалби фарзандон ба фаъолиятҳои мазҳабӣ ба волидон ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад ва фарзандони онҳоро давлати Чин ба тарбияи худ гирифта, барои ислоҳ ба урдугоҳҳои махсус мефиристад. Қонуни ахир дар пайи нашри гузоришҳоест, ки теъдоди сокинони Шинҷон дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурияву Ироқ ба 5 ҳазор нафар расидааст.
Иброҳими СУЛТОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78    Мутолиа карданд: 1119
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед