ҳуқуқ
ҚОНУНШИКАНҲО БОЗДОШТ ШУДАНД
Ҳилагарии ду мудир
Сокини 52 – солаи шаҳри Ваҳдат аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони тасарруфи моли корхона ва исрофкорӣ боздошт шуд, - хабар додааст маркази матбуоти ВКД.
Гумонбаршуда, ки аз моҳи феврали соли 2014 дар вазифаи мудири анбори корхонаи нафтӣ, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат фаъолият дошт, бо мудири нуқтаи фурӯши сӯзишвории нафтии корхона – марди 31 – солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ забон як карда, аз анбори корхонаи мазкур 161424 литр бензин ва 18675 литр сӯзишвории дизелиро ба маблағи умумии 695783 сомонӣ ғайриқонунӣ азони худ намудаанд. Оид ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.
Боздошти гумонбаршуда
Зимни гузарондани як амалиёти вижаи оперативӣ – ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 27 – сола, сокини шаҳри Кӯлобро, ки пештар ҷиноят содир намуда, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гардида буд, дастгир намуданд.
Гумонбаршуда аз чарогоҳи Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб шаш сар говро дуздида, ба соҳиби онҳо ба миқдори 24 ҳазор сомонӣ зарар расондааст. Инчунин, 4 сар гови сокини дигари ҳамин ҷамоатро рабудааст, ки зарари расондашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, кормандони милитсия ҳангоми гузарондани амалиёти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ марди 26 – сола, сокини ноҳияи Қубодиёнро, ки қаблан бо моддаи 244, қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд, боздошт намуданд. Ӯ моҳи майи соли 2016 як сар гови зани 34 – сола ва моҳи октябри соли 2016 як сар гови марди 42 – солаи сокини ҳамин ноҳияро дуздида, ба соҳибмулкон ба андозаи 12 ҳазор сомонӣ зарар расондааст. Оид ба қазияҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар додааст.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.04.2017 №: 79 Мутолиа карданд: 1260