ҳуқуқ
СОЛИ ҶАВОНОН ВА ПЕШГИРӢ АЗ ШИДДАТИ ИФРОТГАРОӢ
Ифротгароии динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб намуда, ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод кардааст. Дар ин марҳалаи ҳассос сокинони мамлакат, бавижа ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона дода нашаванд, Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд.
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин матлабро дар Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ҷавонон омили суботу созандагӣ ва рушди устувор», ки бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён намуд. Мавсуф зикр кард, ки сиёсати созанда ва мардумсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи ҷавон гардондани иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии онҳо падидаи бесобиқа дар таърихи навини Тоҷикистон аст. Чунин муносибати хирадмандона барои рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва муаррифии шоистаи он дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад ва ба ин васила барои шинохти арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузашта заминаи боэътимод мегузорад.
Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик ва Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 барои пешгирии шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат мекунад ва ҳавасмандии онҳоро барои пайгирӣ кардани корҳои неку писандида афзун мегардонад. Масъалаи фарогирии шумораи бештари бонувон дар корҳои давлатӣ ва хизматрасонӣ низ бар он далолат мекунад, ки дар сатҳи роҳбарияти олӣ бозандешӣ ҷиҳати ҷойгоҳи сазовори иҷтимоӣ додан ба занону духтарон дар меҳвари баррасиҳои ҳамешагӣ қарор дорад ва он дар бунёди ҷомеаи солими шаҳрвандии орӣ аз ҳар гуна хурофоту ифротгароӣ саҳмгузор хоҳад буд, - иброз дошт Файзулло Баротзода.
Воқеан, дар партави сулҳу суботи комили кишвар ва таъмини рушди устувори он бояд ба эътибор гирифт, ки хусусияти ташвишовар ва глобалӣ касб намудани проблемаи терроризм ва экстремизм барои давлатҳои миллии рушдкунанда хатари ниҳоят ҷиддӣ эҷод менамояд. Набояд фаромӯш кард, ки фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ дар корбурди бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳузури қобили мулоҳиза ва боиси нигаронӣ доранд. Ин воқеияти талх, вале омӯзанда моро муваззаф месозад, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин самт боз ҳам пурзӯр намоем.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.04.2017 №: 79 Мутолиа карданд: 1343