ҳуқуқ
Қонуншиканҳо боздошт шуданд
Мусодираи фиттаҳои пастсифату каммазмун
Кормандони корхонаи фаръии давлатии кино ва видеои вилояти Суғд тайи се моҳи соли равон зимни гузарондани санҷиши муштарак якҷо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳои вилоят 2824 фиттаи пастсифат, каммазмун ва дорои хусусияти ваҳшонияту зӯроварӣ ва шаҳвониро мусодира ва нобуд карданд.
Ҳамзамон, ба соҳибони нуқтаҳои фиттафурӯшӣ моҳияти қонунгузории кишвар дар бораи ҳуқуқи муаллиф шарҳ дода шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст.
Ламинат маҳсулоти озуқа аст?
Кормандони раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми гузарондани амалиёти гумрукӣ дар мавзеи Чорбоғи (ноҳияи Варзоб) шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд нақлиёти тамғаи «Мерседес – Бенс – Атеко», рақами қайди давлатиаш TJ 27 – 08 ДД 02 – ро барои санҷиши воридоти мол нигоҳ доштанд. Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, ронанда Б. Б., зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ҳуҷҷатҳои борро ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ пешниҳод карда, зимни пурсиши шифоҳӣ изҳор дошт, ки дар бордони мошин танҳо масолеҳи сохтмонӣ - ламинат мавҷуд аст. Ҳангоми муоина маълум гардид, ки дар дохили воситаи нақлиётӣ қариб 2 тонна маҳсулоти қаннодии истеҳсоли Украина, 1 тонна кулчақанд, 2580 кило маргарин ва 2160 литр оби ҷави истеҳсоли Русия мавҷуд будааст. Муайян гардид, ки маҳсулоти қаннодӣ, кулчақанд ва равған ба А. Н., зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, оби ҷав ба Ш. У., зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, мансуб мебошанд. Интиқолдиҳандагони бор доир ба ин маҳсулоти озуқа ягон ҳуҷҷат пешниҳод карда натавонистанд. Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз карда, барои тафтиши ниҳоӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.04.2017 №: 80 Мутолиа карданд: 1318