ҳуқуқ
НОБОЛИҒОН. АГАР ПАДАРУ МОДАР ХУНУКНАЗАРӢ КУНАНД...
Дар 3 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи ноболиғон 226 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 5 ҳолат зиёд аст. Дар натиҷаи амалиётҳои гузаронда бошад нисбат ба 6363 нафар падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гардидаанд.
Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 1185 маротиба рейд ва амалиётҳои муштарак таҳти номгӯи шартии «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда» гузаронда шуд, ки дар натиҷа 5562 нафар ноболиғон барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун муайян карда шуда, ба ШВКД шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равона гардиданд.
Мояи нигаронист, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ба наврасону ноболиғон аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад. Ҳарчанд Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» рӯйи кор бошад ҳам, омӯзгорони мактабҳои миёна нисбати хонандагон беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд.
Дар ин раванд 1745 мактаби таҳсилоти умумӣ, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, барои андешидани чораҳои қонунӣ аз онҳо ба маблағи зиёда аз 159 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда шуда, нисбат ба 374 нафари дигар огоҳинома ва 4244 маводҳо мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар миёни ноболиғони дастгиршуда на танҳо мактаббачаҳо, балки 177 нафар хонандаи омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ, коллеҷҳо, техникумҳо, ҳатто онҳое, ки дар ягон ҷой таҳсил намекунанд, мебошанд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.04.2017 №: 80 Мутолиа карданд: 1208