ҳуқуқ
ХАТЛОН. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА
Сарфи назар аз коҳиши чашмраси шомилшавии бархе ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию ифротӣ ҳамоно ин масъала боиси ташвиш аст.
Абдурраҳмон Аламшоҳзода, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, зимни як конфронси илмӣ, дар шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ дод, ки 90 дарсади афроди ҷонибдори ифротиёну террористон мутаваллиди солҳои 1986-1990 ҳастанд. Вай афзуд: “Дар он солҳо бинобар ҷанги шаҳрвандӣ дар мактабҳо таҳсил ва дар хонаҳо тарбияи дуруст ҷараён намегирифт. Ҳоло дар мамлакат сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Барои ҷавонон шароити мусоиди кору таҳсил фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, онҳо бояд дар сафи пеши муқовимат бо ифротгароию терроризм бошанд”.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҷаласаи вижае, ки дар ноҳияи Бохтар баргузор гашт, аз ноогоҳии бархе ҷавонон изҳори ташвиш намуд. Мавсуф зикр сохт, ки дар баъзе оилаҳо ба тарбияи фарзандон ҷиддӣ машғул намешаванд, бахши маънавиёт ва дин вазифаи базиммадоштаашро пурра иҷро намекунад. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ нашудаанд. Барои рафъи ин гуна ҳолатҳои нангин бояд фаъолони ҷомеа, хусусан уламои дин, ба дигарон намунаи ибрат бошанд.
Бо вуҷуди муборизаи беамони мақомоти дахлдор бар зидди экстремизму терроризм ҳанӯз ҳам решаи ин “вабои аср” дар вилояти Хатлон пурра барканда нашудааст. Ба гунаи мисол, моҳи гузашта суди вилояти Хатлон сокини 22-солаи ноҳияи Панҷ Умедҷон Мингёровро барои тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” зери номи сохтаи “Абухалил” гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”-ро бо истифода аз наворҳои видеоию аксҳо таблиғ карда, барои ба сафи он пайвастан ташвиқот бурдааст. Ба қавли раисикунандаи мурофиа С. Муҳиддинзода, ҳамзамон, Мингёров мувофиқи талаботи ҷараёни дар Тоҷикистон мамнуъэълоншудаи “Салафия” намоз мехондааст. Бо ҳамин далелҳо вай бо моддаи 3071, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол равонаи зиндон гардид.
Нафари дигар, ҷавони 23-сола, сокини ноҳияи Бохтар Баҳодур Тӯхтаев низ ҳангоми дар Федератсияи Русия қарор доштан, моҳи августи соли 2016 дар сомонаи болозикр бо номи “Ey Ummat Tril Jihod Farzi Ayn Boldi” саҳифа кушода, 26 акси хусусияти ифротгароию даҳшатафканидоштаро “класс” мондаю дар интернет паҳн намудааст. Ва ӯ ба ҳамин васила дигаронро барои иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳона бар зидди ҳукумати қонунии Сурия ташвиқ кардааст. Номбурда 2 декабри соли гузашта зимни кӯшиши парвоз ба Туркия боздошт гардид. Суди вилояти Хатлон Баҳодур Тӯхтаевро тибқи моддаи 67, қисми 3, Кодекси ҷиноятӣ 13 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин дар ҳолест, ки аввали ҳамин сол суди вилояти Хатлон ҳашт сокини аз 21 то 46-солаи ноҳияи Қубодиёнро бо ҷурми фаъолияти ифротгароӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ ва майл ба амалҳои зархаридӣ ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда буд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эзоҳи зерин илова шуда буд: “Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлат то анҷом ёфтани воҳиди мусаллаҳ ва анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳ ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар ҳаракатҳои ӯ таркиби дигар ҷиноят набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад”. Ин ва дигар паҳлуҳои муҳими масъалаи мавриди назар зимни вохӯрию мулоқот ва нишастҳо бояд ба мардум фаҳмонда шаванд, то насли наврас ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгарою даҳшатафкан наафтад.
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.04.2017 №: 80 Мутолиа карданд: 1236