logo

маориф

НАВОВАРӢ. НАБОЯД ЗИЁН АЗ СУД БЕШТАР БОШАД!

Бисёр интизор доштем, ки дар нашрҳои минбаъда истилоҳоту мафҳумоти илмӣ дар китобҳои дарсии химияи мактабӣ аз тарафи муаллифону мутахассисони соҳа ба дараҷае беҳтар гашта, ба тартиб оварда мешаванд. Инчунин, мафҳумоту баёнот ва шарҳу эзоҳот бо забони содаву равони тоҷикӣ пешниҳоди хонандагону омӯзгорон мешаванд. Мутаассифона, китобҳои дарсиро бе тағйироту ислоҳот ба нашри навбатӣ медиҳанд. Бояд зикр кард, ки ин навоварию дигаргунсозиҳои истилоҳоти илмӣ  - фаннӣ ва мафҳумоти дурушту душворфаҳм кори омӯзгорро мушкил сохта, мустақилияти истифодабарии китоби дарсиро аз тарафи хонанда барҳам медиҳад. Китоби дарсӣ – ин ягона воситаи алоқаи байни омӯзгору хонанда ва волидон буда, роҳнамои асосӣ дар шоҳроҳи дониш аст.
Мақсад ва зарурияти ин навоварию мураккабсозии истилоҳот ва мафҳумоти химиявӣ ба мо маълум нест. Воқеан, чаро дар китобҳои дигар муаллифон, масалан Л. Солиев чунин навоварию дигаргунсозиҳо мушоҳида намешавад? Китобҳои онҳоро ба осонӣ мутолиа кардан мумкин аст, ҳол он ки онҳо дар сатҳи баланди илмӣ барои донишҷӯёну аспирантҳои донишгоҳҳову донишкадаҳои олӣ навишта шудаанд.
Аз чӣ сабаб ё бо кадом мақсад бошад, ки муаллифон дар саросари китоб аз истилоҳи «пайвастагӣ» ба таври қатъӣ даст кашидаанд. Мо истифодаи ин истилоҳи «пайвастагӣ» - ро ниҳоят ҳатмӣ ва зарур мешуморем. Барои исботу рӯшантар шудани мақсад мисол меоварем: «Мо – омӯзгорон пайваста кӯшиш менамоем, ки хонандагон бо пайваст шудани атомҳои элементҳои химиявӣ мувофиқи валент ва ҳосилшавии бандҳои гуногуни химиявӣ ба вуҷудоии пайвастагиҳои химиявиро азхуд намуда, пайваста кӯшиш намоянд ва фаҳманд, ки сабаби тағйирёбии хосиятҳои гуногуни физикавӣ ва химиявии пайвастагиҳои органикӣ ба афзудани узвҳои атомҳои карбон, пайдоиши бандҳои каратӣ ва гибридшавии онҳо, пай дар пай ивазшавии гурӯҳҳои функсионалӣ ва вобаста ба он пайдоиши қаторҳои нави гомологӣ ва ба сохтори ин пайвастагиҳо алоқаманд аст.
Тавре бармеояд, дар ин ҷумла калимаҳои «пайваст», «пайваста» ва «пайвастагӣ» мавқеъ ва ҷои худро дошта, ҳамзамон нақши худро мебозанд. Аз иваз намудани ҷою мавқеи онҳо маънию мазмун коҳида ва ҷумла дурушту дағал ва бемаънӣ мегардад. Танҳо дар зери мафҳуми «пайвастагӣ» мо моддаи химиявиро дар назар дорем. Охир, барои ҳосилшавии пайвастагӣ бояд пайвастшавӣ ба амал ояд.
Мутаассифона, дар саросари китобҳои дарсии химия ба ҷои ин истилоҳ калимаи «пайваст» омадааст. Дар ин асос таърифоту шарҳдиҳии қаторҳои гомологии моддаҳои органикӣ душворфаҳму ночаспон ба назар мерасанд.
Мисол: «Пайвастҳои органикие, ки дар молекулаашон якчанд гурӯҳи ҳидроксилии ба радикали карбоҳидроген пайваст доранд, спиртҳои бисёратома номида мешаванд». Дар ин ҷумла калимаи «пайваст» ду маротиба такрор шудааст. Ба фикри мо, ба таври хеле одӣ ва маъмул баёни «Пайвастагиҳои органикие, ки дар молекулаашон якчанд гурӯҳи гидроксилӣ ба радикали карбогидрид пайваст аст, спиртҳои бисёратома номида мешаванд», равону фаҳмотар аст. Ин гуна таърифоту шарҳу эзоҳоти мафҳумҳои душворфаҳм, ки бо ранги сиёҳи баланд тасвир гаштаанд, дар китоб хело зиёданд.
Истилоҳу мафҳумоти фаннӣ ҳамеша дигаргун гашта, доимо тағйир меёбанд. Агар дар боби аввал карбогидридҳо ба «карбоҳидридҳо» табдил ёфта бошанд, дар боби 2 онҳо ба «карбоҳидрогенҳо» мубаддал шудаанд. Дар ин боб ва ҳамаи бобҳои оянда «пасванд» - и «ҳидрид» ба «пасванд» - и «ҳидроген» табдил ёфтааст.
Дар боби 10, саҳ. 247 истилоҳи «сахаридҳо» - ро ба ҳоли худ гузошта, онро тарҷума накардаанд. Зеро «сахариҳо», «моносахариҳо» ва ё «дисахариҳо» ба назар хело бемаънию ногувор меафтоданд. Лекин ба шарҳу эзоҳи ин истилоҳот чӣ зарурият пеш омада бошад, ки дар охири ин боб онҳоро боз чун ҳамеша «сахариҳо» ва «дисахариҳо» маънидод намудаанд?
Ба андешаи инҷониб, истилоҳҳои илмӣ – фаннӣ  бояд ягона ва тағйирнаёбанда бошанд. Онҳо на танҳо дар тамоми қисматҳои химия, балки дар дигар фанҳо – биология, физика ва умуман, дар тамоми фанҳои табиатшиносӣ ва дигар соҳаҳо ягонагию тағйирнаёбандагии худро нигоҳ доранд. Тарҷума ё тағйирдиҳии истилоҳоти илмӣ – фаннӣ хонандаро ба иштибоҳ андохта, кори омӯзгорро мушкил месозад. Шарҳу эзоҳи истилоҳот ба забони модарӣ зарур аст, лекин набояд мо онҳоро дигаргун намуда, таҳриф бикунем. Аксарияти истилоҳоти илмӣ – фаннӣ пайдоиши таърихию умумиҷаҳонӣ доранд. Бинобар ин, онҳо ба тарҷумаю дигаргунсозӣ эҳтиёҷ надоранд.
Дар охири ҳар як боб рӯйхати баъзе истилоҳоти нав дода шудааст. Лекин қисман ин истилоҳот сохтаву такроршавии мафҳумоти матнӣ бошад, қисме аз онҳо нофаҳмову бемавқеъ ва бемаънӣ мебошанд. Масалан, истилоҳоти «собунонӣ», «вулқониш», «изомериш», «дисахариҳо» ё «дурагашавӣ» - ҳо истилоҳи нави нофаҳмову баҳсталаб аст. Истилоҳи «собунпазӣ» ба монанди «дурагашавӣ» дорои мафҳуми маҷозию оммавӣ буда, мафҳумоти мантиқӣ – илмӣ надоранд. Лекин дар хусуси «собунонӣ» - ю «вулқониш» ва ё «изомериш» - у «поликонденонӣ» чизе гуфта наметавонем, зеро ин истилоҳсозии нав барои мо нофаҳмост.
Абдусаттор САЛОМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2017    №: 80    Мутолиа карданд: 1700
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед